Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2003, № 33 "Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1998, №9, моддаҳои 68,69; №22, моддаи 306; соли 1999, №12, моддаи 316; соли 2001, №4 моддаҳои 149, 167) қабул шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

Моддаи 130.1 дар таҳрири зайл илова карда шавад:

Моддаи 130 (1). Хариду фурӯши одамон

1. Хариду фурӯши одамон, яъне харид ё фурӯши одам бо розигӣ ё бе розигӣ бо роҳи фиреб, ҷалбкунӣ, пинҳонкунӣ, супурдан, интиқол, дуздӣ, қаллобӣ, сӯистеъмоли ҳолати заифӣ, додани ришва барои гирифтани розигии шахсе, ки дигар шахсро назорат мекунад, инчунин дигар шаклҳои маҷбурсозӣ бо мақсади минбаъд фурӯхтан, ҷалбкунӣ барои фаъолияти шаҳвонӣ ё ҷиноятӣ, истифодабарӣ дар муноқишаҳои мусаллаҳона, корчаллонии фисқу фуҷур (порнографӣ), меҳнати маҷбурӣ, ғуломӣ ё одатҳои ба ғуломӣ монанд, асорати қарзӣ ва ё фарзандхонӣ бо мақсади тиҷоратӣ,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

2. Кирдорҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) такроран;

б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;

в) нисбати ду ё зиёда шахс;

г) бо истифодаи зӯрӣ ё таҳдиди истифодаи он;

д) бо мақсади аз ҷабрдида гирифтани узв ё бофтаҳои бадан барои трансплантатсия;

е) аз тарафи шахси мансабдор ё намояндаи ҳокимият бо истифодаи вазифаҳои хизматӣ, ё дигар шахсе, ки дар ташкилотҳои тиҷоратӣ ё дигар ташкилотҳо вазифаи идоракуниро иҷро мекунад;

ё) бо ҷойивазкунии ҷабрдида тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ҳашт то дувоздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

3. Кирдорҳое, ки дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, агар:

а) боиси марги ҷабрдидаи хариду фурӯши одамон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

б) аз ҷониби гурӯҳи муташаккил;

в) дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз дувоздаҳ то понздаҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе, ки кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба мақомотҳои дахлдор хабар дода, ҷабрдидаи хариду фурӯши одамонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Моддаи 167 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:

"Моддаи 167. Хариду фурӯши ноболиғон

1. Хариду фурӯши ноболиғон, яъне харид ё фурӯши шахси баръало ноболиғ новобаста аз намуд ва шаклҳои маҷбурсозӣ,

в) нисбати ду ё зиёда ноболиғ;

г) бо истифодаи зӯри ё таҳдиди истифодаи он;

а) боиси марги ҷабрдидаи хариду фурӯши ноболиғон ва ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад;

Эзоҳ: Шахсе, ки кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинишударо содир карда бошад, агар ихтиёран ба мақомотҳои дахлдор хабар дода, ҷабрдидаи хариду фурӯши ноболиғонро озод карда бошад, ба шарте дар кирдорҳои ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.

Ба моддаи 339 қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади хариду фурӯши одамон содир шуда бошад,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо дода мешавад."

Ба моддаи 340:

дар қисми якум баъди калимаи "Сохтакории" калимаи "шиноснома (паспорт)" илова карда шавад.

Қисми сеюм бо мазмуни зайл илова карда шавад:

"3. Кирдорҳои дар қисмҳои якум ва дуюми ҳамин модда пешбинигардида, ки бо мақсади хариду фурӯши одамон содир шуда бошанд,

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол ҷазо дода мешавад".

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Раҳмонов

ш. Душанбе 

1 августи соли 2003 № 33