Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2002 № 5 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ГРАЖДАНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Моддаи 1. Ба Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1999, № 6, моддаи 153; с.1999, № 12, моддаи 324, с.2001, № 7, моддаи 508) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Ба моддаи 58 қисми 5 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Азнавташкилдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс ва қонунгузории бонкӣ сурат мегирад".

2. Ба моддаи 62 қисми 5 дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"5. Агар ба қонунгузории бонкӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад, барҳамдиҳии бонкҳо тибқи ҳамин Кодекс сурат мегирад".

3. Ба қисми 1 моддаи 65 банди дуюм дорои мазмуни зайл илова карда шавад:

"Дар сурати барҳам додани бонкҳо ё дигар ташкилотҳои кредитӣ, ки маблағҳои шаҳрвандонро ҷалб намудаанд, дар навбати аввал талаботи шаҳрвандоне, ки амонатгузори онҳо мебошанд, қонеъ гардонида мешаванд".

4. Қисми 1 банди дуюми моддаи 155 дар таҳрири зайл баён карда шавад:

"1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми пулии мамлакатро муайян мекунад ва асъори миллии Тоҷикистон воситаи қонунии пардохт ба шумор меравад, ки қабули он аз рӯи арзиши эътибориаш дар саросари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмист".

5. Дар қисми 2 моддаи 340 калимаи "рубл" ба калимаҳои "асъори миллии Тоҷикистон" иваз карда шаванд.

6. Дар қисми 2 моддаи 878 калимаҳои "ё қонуни дигар" ба калимаҳои "қонунҳои дигар ё шартномаи байни бонк ва муштарӣ" иваз карда шаванд.

Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов

ш.Душанбе

 3 майи соли 2002 № 5