ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма"
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 1990 "Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма" (Ведомостҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1990, № 24, мод. 421; 1992, № 10, мод. 144; № 11, мод. 175; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1996, № 3, мод. 48; 1997, № 23-24, мод. 333; 1999, № 12, мод. 335) тағйироту иловаҳои зайл дохил карда шаванд:
1. Дар қисми якуми моддаи 1 ва банди 2 моддаи 35 калимаи "информациони" ба калимаи "иттилооти" иваз карда шавад.
2. Ҷумлаи охири моддаи 2 дар таҳрири зайл ифода карда шавад: "Сензураи давлати ва таъқиб барои танқид манъ аст".
3. Дар матни Қонун калимаи "материалҳои" ба калимаи "маводи", калимаи "юридики" ба калимаи "ҳуқуқи", калимаҳои "гражданини ҷумҳури" ба калимаҳои "шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон", калимаи "гражданинҳо" ба калимаи "шаҳрвандон", калимаи "гражданинҳоро" ба калимаи "шаҳрвандонро", калимаи "нормативии" ба калимаи "меъёрии", калимаи "органи" ба калимаи "мақоми", калимаи "маҳкама" ба калимаи "суд" ва калимаҳои "нормаҳои байналхалқи" ба калимаҳои "меъёрҳои байналмилали" иваз карда шаванд.
4. "Дар моддаи 3:
қисми якум дар таҳрири зайл ифода гардад: ,Воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро ба забони давлати ва ба забонҳои дигар тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали менамоянд";
қисми сеюм хориҷ карда шавад.
5. Дар қисми якуми моддаи 6 баъди калимаҳои "зулму зӯровари" калимаҳои "терроризм бо ҳамаи зуҳуроташ" дохил карда шаванд.
6. Моддаи 7 дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 7. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад".
7. Дар моддаи 8:
қисми дуюм дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
...