×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002, № 86 "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ"

Санаи амалкуни: 23.07.2016

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод.167; с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ 2, мод. 418)

(Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177, аз 13.06.2007 № 285, аз 26.12.2011 № 786, аз 26.07.2014 № 1121, аз 23.07.2016 № 1345, аз 13.11.2024 № 2098)

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи обуҳавошиносӣ муқаррар намуда, ба таъмин намудани талаботи давлат, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ба маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист равона гардидааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:

- фаъолияти обуҳавошиносӣ - раванди мушоҳидаи вазъи муҳити зист, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, нигоҳдорӣ, пешниҳод, баамалбарории маълумот ва пешгӯии тағйирёбии вазъи муҳити зист, инчунин корҳои таъсиррасонии фаъолона ба раванди обуҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ;

- мониторинги муҳити табиии зист - мушоҳидаи дарозмӯҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин баҳодиҳӣ ва пешгӯии вазъи он;

- нуқтаи статсионарии мушоҳидавӣ ба вазъи муҳити зист, (минбаъд нуқтаи статсионарии мушоҳидавӣ) - маҷмӯе, ки қитъаи замин ё як қисми акваторияи (қитъаи баҳр, дарё ва ғайра) дар он асбобу анҷом ва таҷҳизотҳои барои муайян кардани хусусияти муҳити зист пешбинишударо дар бар мегирад;

- нуқтаи сайёри мушоҳидави ба вазъи муҳити зист (минбаъд - нуқтаи сайёри мушоҳидавӣ) - маҷмӯе, ки аз платформаи (дастгоҳи парвозкунанда ё дигар воситаҳои ҳаракат) дар он асбобу анҷоми барои муайян кардани хусусияти муҳити зист насбшуда иборат аст;

- шабакаи мушоҳидавӣ - маҷмӯи нуқтаҳои мушоҳидавии статсионарӣ ва сайёр, аз ҷумла ҷойҳои навбатдорӣ, стансияҳо, лабораторияҳо, марказҳо, идораҳои обуҳавошиносӣ, расадхонаҳо барои мушоҳида ба равандҳои физикӣ ва кимиёвии дар муҳити зист ба амалоянда ва муайян намудани хусусиятҳои ҳавошиносӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, обшиносӣ, глятсиологӣ, гелиогеофизикию ҳавошиносии кишоварзии пешбинишуда, инчунин барои муайян кардани дараҷаи ифлосшавии ҳавои атмосфера, хок ва иншооти обӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- шабакаи давлатии мушоҳидавӣ - шабакаи мушоҳидавии мақомоти махсуси ваколатдоркардашуда дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он наздик;

- иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист - маълумоте, ки дар натиҷаи мониторинги муҳити зист ба даст оварда мешавад;

- иттилооти таъҷилӣ - иттилооти таъҷилан интиқол додашаванда оид ба ҳодисаҳои хатарноки табиӣ, тағйироти ногаҳонии амалӣ ва пешбинишавандаи обу ҳаво ва ифлосшавии муҳити зист, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонда метавонанд;

- маводи иттилоотӣ - иттилооти ҷамъбастшудаи дар натиҷаи таҳлили маълумот бадастовардашуда, ки барои паҳнкунӣ ва истифода пешбинӣ шудааст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- иттилооти таъиноти умумӣ - иттилооти дастраси коркардшуда оид ба вазъи воқеӣ ва пешгуишавандаи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- иттилооти махсус - иттилоот дар бораи обуҳавошиносӣ, ки дар асоси шартнома пешниҳод мешавад ва барои омодасозии он гузаронидани корҳои иловагӣ, аз ҷумла ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили иттилооти мазкур, зарур аст (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- таъсиррасонии фаъолона - таъсиррасони ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ бо мақсади ба танзим даровардани онҳо ва кам кардани зарари эҳтимолӣ аз ин paвандҳo ба аҳолӣ ва иқтисодиёт;

- ташкилотҳои махсусгардондашудаи таъсиррасонии фаъолона ба равандаҳои ҳавошиносӣ - шахсони ҳуқуқие, ки растаниҳои кишоварзиро аз жола ҳимоя карда, боришот, парокандашавии туман ва тармафароиро ба танзим медароранд;

- стансияҳои дурдаст - стансияҳое, ки аз маҳалҳои аҳолинишини шаҳру деҳот дар масофаи дур ва шароити мураккаби физикию ҷуғрофӣ воқеъ гардида, бо онҳо алоқаи мунтазами нақлиётӣ вуҷуд надорад.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

БОБИ II. ТАНЗИМ ВА ИДОРАИ ДАВЛАТИИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Моддаи 3. Самтҳои асосии танзим ва идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ

Самтҳои асосии танзими давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушоҳидавӣ;

- таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи воқеӣ ва пешбинишавандаи муҳити зист, аз ҷумла ахбори таъҷилӣ;

- муайян кардани талабот ба маводи иттилоотӣ;

- муайян кардани номгӯи корҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, ташкил ва таъмини иҷрои онҳо;

- ташаккул додани захираҳои иттилооти давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи муҳити табиии зист;

- ташкил ва гузаронидани корҳо оид ба таъсиррасонии фаъолона ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ, инчунин назорати давлатӣ ба гузаронидани ин корҳо дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- таъмин намудани муҳофизати шабакаи мушоҳидавии давлатӣ;

- иштирок дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ;

- додани иҷозатномаи (литсензия) фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 4. Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ

Идораи давлатии фаъолияти обуҳавошиносиро мақомоти ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардонад.

Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмини гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту тартиби амалӣ гардонидани фаъолияти обуҳавошиносиро муайян менамоянд;

- ба амал баровардани сиёсати тарифӣ ва кредитию молиявӣ;

- тасдиқи сохтори мақомоти ваколатдоршудаи идораи давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- муайян кардани тартибу шартҳои гузаронидани мониторинги муҳити зист;

- ҳифз ва муайян кардани меъерҳои бехатарӣ ҳангоми таҳқиқи ҳолати муҳити зист, инчунин дар раванди иҷрои он дар шароити махсус;

- муқаррар намудани тартиби ҷуброни зарар (зарари воқеӣ, фоидаи аздастдода) ва зарари расида дар раванди фаъолияти обуҳавошиносӣ;

Сархати ҳаштуми моддаи 5 хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177).

- ташкили ҳамкории байналмилалӣ дар фаъолияти обуҳавошиносӣ ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ;

- ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 6.Ваколати мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1121аз 23.07.2016 № 1345)

Ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1121, аз 23.07.2016 № 1345):

- тасдиқи самтҳои барномаҳои маҳаллии соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- тасдиқи сметаи маблағгузорӣ ба барномаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла ба фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ, ки барои иҷрои ин барномаҳои мақомоти ҳудудии мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ ҷалб карда шуданд;

- назорат ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳудуди тобеи онҳо машғуланд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- бо тартиби муқаррари додани қитъаҳои замин ва объектҳои он барои ташкили шабакаҳои мушоҳидавӣ (нуқтаҳои алоҳидаи статсионарии мушоҳидавӣ)-и ҳолати муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- ҳалли дигар масъалаҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 7. Ваколати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345)

Ваколати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345):

- гузаронидани сиёсати ягонаи давлатӣ, таҳия ва ба амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, кору чорабиниҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;

- тайёр намудани лоиҳаи санадҳои меъерию ҳуқуқӣ, таҳия ва қабули методикаи муайян намудани тартиби мушоҳидаи ҳолати муҳити зист;

- ба роҳ мондани фаъолият ва инкишофи соҳаи обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мутобиқ сохтани фаъолияти субъектҳои соҳаи обуҳавошиносӣ, ки ба мақомоти давлатии обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешаванд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177);

- ҳамоҳангсазии пешбурд ва ҳалли масъалаҳои марбут ба таъғйирёбии иқлим (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- ташкил ва таъмини системаи давлатии мушоҳидавӣ, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, маҳфуздорӣ, пешниҳод ва ба амал баровардани маълумотҳо дар бораи ҳолати муҳити табиии зист;

- таъмини истифодабарандагон бо маълумоти воқеӣ ва пешгӯӣ дар бораи ҳолати муҳити табиии зист, аз ҷумла маълумоти таъҷилӣ дар ин хусус;

Сархати ҳафтум хориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177).

- додани пешгӯиҳои расмӣ, дигар маводи иттилоотӣ оид ба арзёбии ҳолати муҳити зист;

- ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илми оид ба баҳодиҳи ва пешгӯии ҳолати муҳити зист;

БОБИ III. ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. ОБЪЕКТҲО ВА СУБЪЕКТҲОИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Моддаи 8. Принсипҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

Фаъолияти обуҳавошиносӣ бо риоя намудани принсипҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

- мушоҳидаи ҳаматарафа ва бефосила ба вазъи муҳити зист;

- ягонагӣ ва муқоисашавандагии усулҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист, инчунин усулҳои ҷамъкунӣ, коркард, нигоҳдорӣ ва пахн намудани иттилооте, ки дар натиҷаи мушоҳида ба даст оварда шудааст (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- бехатарии гузаронидани корҳо оиди таъсири фаъолона ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳо;

- якҷоя кардани тартиби дохилидавлати байналмилалии мониторинги муҳити зист;

- самаранокии истифодаии иттиллот дар бораи вазъи воқеӣ ва пешнбинишавандаи муҳити зист;

- мутобиқи фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ бо вазифаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;

- пурра, дуруст ва сари вақт дастрас будани иттилоот дар бораи ҳолати воқеию пешбинишавандаи муҳити зист ва самарабахш истифода бурдани он.

Моддаи 9. Объектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

Ба объектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ иқлим, шароити ҳавошиносӣ ва обшиносӣ, тағйири муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ, дохил мешаванд.

Моддаи 10. Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ

Субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ инҳо мебошанд:

- мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва ташкилотҳои минтақавии он;

- ташкилотҳои шабакаи мушоҳидавӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома ба амал мебароранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 10(1). Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 786, аз 13.11.2024 № 2098)

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:

- пӯшидани либоси махсус ва доштани нишони фарқкунанда;

- гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифодаи силоҳи ғайринизомии намуди худмуҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- ҳуқуқҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар кардаанд.

Кормандони мақомоти обуҳавошиносӣ уҳдадориҳои зерин доранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098):

- риоя намудани интизоми хизматӣ;

- таъмини ҳифзи моликияти давлатӣ;

- баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусӣ;

- уҳдадориҳои дигаре, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян кардаанд (Қонуни ҶТ аз 26.12.2011 № 786,  аз 13.11.2024 № 2098).

БОБИ IV. АСОСҲО ВА ТАРТИБИ АНҶОМ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ

Моддаи 11. Иҷозатномадиҳии фаъолияти обуҳавошиносӣ

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи обуҳавошиносӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту равандҳои обуҳавошиносӣ ва геофизикӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ" амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 3.03.2006 № 177, аз 13.06.2007 № 285аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 12. Намудҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист

Мушоҳидаи вазъи муҳити зист ба навъҳои зерин тақсим мешавад:

- ҳавошиносии назди заминӣ;

- обшиносӣ;

- глятсиологӣ (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- ҳавошиносии кишоварзӣ;

- актинометри ва тавозуни гармӣ;

- аэрологӣ;

- ҳавошиносии радиолокатсионӣ;

- озонсанҷӣ;

- дараҷаи ифлосшавии атмосфера, обҳо, хок, замин, пиряхҳо ва қабатҳои барф, олами наботот (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Мушоҳида ба вазъи муҳити зист нисбати дигар ҷузъиёти муҳити зист, инчунин дар шароити махсус ва ба мақсадҳои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.

Моддаи 13. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳавошиносӣ

Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ ба муайян кардани вазъият ва инкишофи ҳодисаҳои ҳавошиносӣ, равандҳои техногенӣ, физикӣ, кимиёвӣ ва дигар равандҳо дар атмосфера ҳангоми таъсири мутақобила бо дигар объектҳои муҳити зист нигаронида шудааст.

Бо мақсади ба даст овардани маълумотҳои ҳавошиносӣ дар баландиҳои дараҷаи стандартӣ ва махсуси атмосфера мушоҳидаи аэрологӣ гузаронида мешавад.

Барои омӯхтани таъсири шароитҳои ҳавошиносӣ ба инкишофи зироатҳои кишоварзӣ ва парвариши ҳосил назорати ҳавошиносии кишоварзӣ анҷом дода мешавад.

Вазифаҳои асосии фаъолияти обуҳавошиносӣ дар соҳаи ҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:

- таъмин намудани ташкилотҳои пешгӯи бо маълумотҳои зарури барои тартиб додани пешгӯии ҳамаи талаботи обуҳавошиносӣ ва огоҳ намудан аз шароитҳои номусоиди дарназардошта;

- огоҳ кардани мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳодисаҳои хавфнок ва табиии атмосфера ё равандҳои иқлимӣ, дигар тағйиротҳои ҳавошиносии муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098);

- ҷамъбасти маълумотҳои боэътимод дар бораи низоми ҳавошиносӣ ва радиатсионӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Моддаи 14. Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи обшиносӣ

Фаъолияти мақомоти обуҳавошиносӣ дар соҳаи обшиносӣ ба мақсади ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати дареҳо, кӯлҳо, обанборҳо, каналҳо, дигар объектҳои об ва умуман дар бораи захираи обу рӯи заминӣ, ки ба мақсадҳои зерин зарур аст, анҷом дода мешавад:

- қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ва хоҷагии халқ, ба маълумотҳои оид ба тағйирёбии низомҳои обшиносии объектҳои об ва ҳодисаҳои хавфноки обшиносӣ;

- омӯхтани қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми обшиносӣ, бурдани ҳисоботи давлатии обҳо, кадастри об, ҳисоби захираҳои об ва тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои обӣ, баҳодиҳӣ ба таъсири фаъолияти хоҷагӣ ба низоми объектҳои об ва захираҳои об.

Моддаи 15. Мушоҳида ва назорати мақомоти обуҳавошиносӣ ба сатҳи ифлосшавии муҳити зист

Мақомоти обуҳавошиносӣ ба сатҳи ифлосшавии атмосфера, обҳои рӯизаминӣ, хок, замин, олами наботот, пиряхҳо ва қабатҳои барф бо мақсади муайян намудани сарбории антропогении ин объектҳои муҳити зист аз ҳисоби партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва аз сарҳад воридшавии онҳо назорат ва мушоҳида мекунад, инчунин ба ифлосшавии радиоактивии атмосфера, об, хок, замин ва таҳшинҳои зери замин мушоҳида ва назорат мебарад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Номгӯи моддаҳои ифлоскунандаро, ки онҳо мавриди мушоҳида ва назорат қарор мегиранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 16. Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус

Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус (офатҳои табиӣ, фалокатҳо, садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулодда, барҳам додани оқибатҳои онҳо) қисми таркибии амали системаи давлатии пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.

Ҳангоми офатҳои табиӣ, фалокатҳо ё садамаҳо, ки боиси ифлосшавии муҳити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушоҳидаҳои иловагӣ ба тағйироти муҳити зист гузаронида мешавад.

Моддаи 17. Мониторинги ҳолати муҳити зист

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345)

Амалӣ намудани мушоҳидаҳо ва фаъолияти дигари пешбининамудаи моддаҳои 12-16 Қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти обуҳавошиносӣ асоси мониторинги ҳолати муҳити зист ба ҳисоб меравад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345).

Моддаи 18. Нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидавӣ ва ҳифзи онҳо
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098)

Воҳиди ибтидоии истеҳсолии системаи миллии обуҳавошиносӣ ва шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ, ки дар бораи ҳолати муҳити зист бевосита маълумот гирифта, онро кор карда, ба марказҳои обуҳавошиносӣ пешниҳод менамояд, нуқтаи шабакаи мушоҳидавӣ мебошад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Вайрон кардан ё ба ҷои дигар кӯчонидани нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидавӣ, инчунин кушодани объектҳои нав ё бастани объектҳои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушоҳидавӣ дохил мешаванд, танҳо бо иҷозати мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 26.07.2014 № 1121,  аз 13.11.2024 № 2098).

Бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандҳои табиӣ дар ҷойҳои гузаронидани мушоҳидаи ҳолати муҳити зист дар атрофи нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидавӣ, минтақаҳои муҳофизати ҷорӣ намуда, дар онҳо фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият маҳдуд карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Тартиби муқаррар кардани минтақаҳои муҳофизатӣ ва номгӯи маҳдудиятҳои фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолиятро дар онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Toҷикиcтoн муайян менамояд.

Барои ҷойгиркунии шабакаҳои мушоҳидавӣ ҷудо кардани қитъаҳои замин ва акваторияи oби мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Соҳибони заминҳо, заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар қитъаҳои замини онҳо нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидавӣ ҷойгир шудаанд, уҳдадоранд барои ба ин нуқтаҳо омада анҷом додани корҳои мушоҳидавӣ, интихоби намунаҳо, таъмиру барқарорсозӣ ва дигар корҳо имконият фароҳам оваранд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 19. Маблағгузорӣ ба фаъолияти обуҳавошиносӣ

Таъминоти молиявии фаъолияти давлатии обуҳавошиносӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин cypат мегирад:

- буҷети давлатӣ;

- маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345);

- манбаъҳои дигари манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Фаъолияти обуҳавошиносӣ мумкин аст дар асоси шартнома аз рӯи фармоишҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бидуни расондани зарар ба иҷрои ҳаҷми корҳое, ки аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ мегардад, низ иҷро карда шавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Корҳо дар соҳаи обуҳавошиносӣ ҳангоми барҳам додани оқибатҳои вазъияти фавкулода аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

БОБИ V. ИТТИЛООТ ДАР БОРАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ

Моддаи 20. Категорияҳои дастрасшавии иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи иттилоотӣ

Иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист ва маводи иттилооти ошкоро ва ба ҳама дастрас мебошад, ба истиснои иттилоот, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба категорияи дастрасшавии маҳдуд мансуб дониста шудааст.

Иттилооти таъиноти умумӣ ба гурӯҳи захираҳои ҷумҳуриявии иттилоот дар соҳаи обуҳавошиносӣ мансуб дониста мешавад.

Моддаи 21. Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист

Фонди ягонаи давлатии маълумот дар бораи вазъи муҳити зист, дар асоси ҷамъкунӣ, коркард, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва паҳн намудани иттилооти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист ташаккул меёбад.

Таркиб ва сохтори маълумоти барасмиятдаровардашуда дар бораи вазъи муҳити зист, инчунин тартиби ташаккул додан ва ихтиёрдорӣ кардани фонди ягонаи давлатии маълумотро да бораи вазъи муҳити зист Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Моддаи 22. Тартиби пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098)

Пешниҳод кардани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 23. Шартҳои ба истифодабарандагон (истеъмолкунандагон) пешниҳод намудани иттилоот ва маводи иттилоотӣ дар бораи вазъи муҳити зист

Иттилоот ва маводи иттилоотӣ дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон бепул, инчунин дар асоси шартномаҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

Иттилооти таъиноти умумӣ ба истифодабарандагон дар шакли матнҳо ба тарзи хаттӣ, таблитсаҳо ва ҷадвалҳо ба воситаи алоқаи почта, тавассути воситаҳои ахбори умум ва алоқаи электрони мувофиқи тартиби иттилооти доимӣ ё аз рӯи дархости истифодабарандагон расонида мешавад.

Иттилооти махсус дар бораи вазъи муҳити зист ба истифодабарандагон дар асоси шартнома расонида мешавад.

Мақомоти махсус ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ вазифадораст, ки ба истифодабарандагон ба таркиби иттилооти пешниҳодшуда оид ба вазъи муҳити зист, дар бораи шаклҳои расонидани ин иттилоот ба ташкилотҳое, ки ба истифодабарандагон хизмати ахбороти мерасонанд, маълумот диҳад.

Тартиби пешниҳод намудани иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ давлатҳои хориҷӣ бо шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Боби 5(1) Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345)

Моддаи 23(1). Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ

(Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345)

Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обуҳавошиносӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккул ва рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавӣ ва мубодилаи иттилооти байналмилалӣ дар бораи муҳити зист ва сатҳи олудашавии он мусоидат менамояд.

Мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ҳифзи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахсони воқеиро ҳангоми амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи обуҳавошиносӣ, таъмин месозад.

Тартиби иштироки мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ дар ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар мубодилаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист, дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни казкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 23.07.2016 № 1345).

БОБИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 24. Назорати давлатӣ ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ

Вазифаи назорати давлатӣ ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ аз ҷониби ҳамаи иштирокдорони он новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеъият иҷро намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ мебошад.

Ба амалӣ гаштани фаъолияти обуҳавошиносӣ мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ ва мақомоти ҳудудии он бо тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатӣ мебаранд.

Моддаи 25. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти обуҳавошиносӣ
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098)

Баҳсҳо дар соҳаи фаъолияти обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 26. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур 
(Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 13.11.2024 № 2098).

Моддаи 27. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                              Э. Раҳмонов

аз 2 декабри соли 2002 № 86

ш. Душанбе