ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 266, аз 29.12.2010 № 678)
(Қонуни ҶТ аз 12.05.2007 № 266, аз 29.12.2010 № 678)
БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Мақсади Қонун
Қонуни мазкур мақоми ҳуқуқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Академияи илмҳо) ва аъзои он, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Академияи илмҳо, мавқеи онро дар соҳаи таҳқиқот ва кашфиёт, ваколат ва масъулияташро ба сифати муассисаи худидорашавандаи давлатии илми муайян менамоад.
Қонун барои инкишоф додани илмҳои бунёди ва амали чун асоси пешрафти илми ва илмию техники, тараққиёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
Моддаи 2. Мақоми Академиям илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Академияи илмҳо муассисаи худидорашавандаи олии давлатии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар фаъолияти худ масъалаҳои гузаронидан, инкишоф додан ва мутобиқ гардонидани таҳқиқоти бунёди ва амали дар ҷумҳури, омӯзиши проблемаҳои муҳими тараққиёти иқтисоди, иҷтимои ва фарҳангии ҷумҳури, афзун гардонидани самараи истифодаи дастовардҳои илми, тайёр кардани кадрҳои илмии баландихтисос, пурзур кардани таъсири илм ба инкишофи маориф ва маданиятро таъмин менамояд.
Моддаи 3. Асоси ҳуқуқии фаъолияти Академияи илмҳо
Академияи илмҳо дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарконуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи худ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, дастури амал қарор медиҳад.
Моддаи 4. Оинномаи Академияи илмҳо
...