Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар бораи Комиссияи кор бо ноболиғони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 феврали соли 1995 №178 "Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳо оиди кор бо ноболиғон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Комиссияи кор бо ноболиғони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати зерин /аз рӯи вазифа/ таъсис дода шавад:
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои кор бо ҷавононро ба ӯҳда дорад /Раиси Комиссия/;
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон /ҷонишини раиси Комиссия/;
сармутахассиси шӯъбаи комплекси иҷтимоию фарҳангии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон /котиби масъули маошхӯри Комиссия/;
Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири фарҳанг ва итилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Кумитаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Раиси Шӯрои марказии Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон /бо розигӣ/;
...