ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 9, мод. 68; № 22, мод.306; с.1999, № 12, мод. 316) дар таҳрири зайл ифода карда шавад:
"Моддаи 286. Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
1) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, агар дар давоми сол баъд аз додани ҷазои маъмурӣ содир шуда бошанд,
бо ҷарима ба андозаи аз дусад то як ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад.
2) Муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харид, фурӯш, иваз ё истифодаи он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, инчунин содир кардани дигар амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ, агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷоҳ маоши ҳадди ақал зиёд бошад,
бо ҷарима ба андозаи аз ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.
3) Кирдори пешбининамудаи қисми дуюми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;
в) ба миқдори калон содир шуда бошанд,
бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз шаш то даҳ сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳамон вақт ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши ашёи муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш.Душанбе
12 майи соли 2001 № 6