ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КАРАНТИНИ РАСТАНӢ
Қонуни мазкур мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофгардида асосҳои танзими ҳуқуқиро дар соҳаи таҳти карантин қарор додани растаниҳои қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд ва ҳадафи он ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мебошад.
БОБИ 1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур муҳофизат намудани растанӣ ва маҳсулоти аз он тайёршаванда аз объектҳои карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:
карантин - (аз италянӣ gғaқanta gioқni - чил рӯз), маҷмӯи тадбирҳоест, ки барои пешгирии паҳншавии касалиҳои сироятии одаму ҳайвонот, растанӣ ва зараррасонҳои хоҷагии қишлоқ, андешида мешаванд.
растанӣ - растанӣ ва қисмҳои растанӣ, аз он ҷумла тухмӣ ва маводи генетикии растанӣ;
карантини растанӣ - низоми ҳуқуқие, ки системаи чораҳои муҳофизати растанӣ ва маҳсулоти аз он тайёршавандаро аз объектҳои карантинӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд;
маҳсулоти растанӣ - маводи коркарднашудаи растанӣ ва маҳсулоти растанӣ, ки аз рӯи табиати худ ё усули коркард хавфи ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ ёфтан, ё паҳн гардидани мавҷудоти зараррасонро ба миён меоваранд;
маҳсулоти таҳти карантин (маводи таҳти карантин, бори таҳти карантин)-растанӣ, маҳсулоти растанӣ, борҷома, зарф, хок ё мавҷудоту дигар объект, ё маводе, ки метавонанд ҳомии мавҷудоти зараррасон шаванд, ё худ ба паҳн гардидани мавҷудоти зараррасон мусоидат намоянд;
фумигатсия - усули бо истифода аз дудҳои заҳрнок, газ, аэрозолҳо мубориза бурдан ба муқобили зараррасонҳо ва касалиангезҳои растанӣ;
...