Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР
Дар хусуси ворид намудани тағьирот ва иловаҳо ба Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991, № 319 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи лицензиякунонии фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Ба Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991, № 319 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомномаи лицензиякунонии фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағьирот ва иловаҳои зерин ворид карда шаванд;
а) дар матни Қарор калимаҳои "Кумитаи давлатии сохтмону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи маъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
б) дар банди 4 калимаҳои "3000 сӯм" ва "200 сӯм" бо калимаҳои "625 баробари андозаи музди ҳадди ақали маоши дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда" ва "208 баробари андозаи музди ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда" иваз карда шаванд;
в) Қарори мазкур бо банди 5 дорои мазмуни зайл пурра када шавад:
"Бандҳои Ҷумҳурии тоҷикистон ба ташкилоту корхонаҳо, муасисаҳо, мутахассисон ва колективҳои таҳиягарон, ки барои фаъолияти лоиҳакашию тадқиқотӣ аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лицензия нагирифтаанд, маблағ ҷудо накунанд;
2. Ба Низомномаи лицензиякунонии фаъолияти лоиҳакашию тадқиқоти дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Давони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 1991 № 319 тасдиқ карда шудааст, тағьироти зайл ворид карда шавад;
дар матни Низомнома калимаҳои "Кумитаи давлатии сохтумону меъмории Ҷумҳурии Тоҷикистон" бо калимаҳои "Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
дар банди 1 калимаҳои "Конунҳои Иттиҳоди ҶШС" "Дар бораи корхонаҳо дар ИҶШС", "Асосҳои қонунгузорӣ дар бораи инвестиционӣ дар ИҶШС" ба калимаҳои "қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шавад;
дар сархати 3 калимаҳои: "кумитаҳои иҷроияи Шӯроҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ноҳияи шаҳрии депутатҳои халқ" ба калимаҳои: "мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ (ҳукуматҳо)" иваз карда шавад.
Раиси Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
...