Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2000, № 485 "Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни: 03.06.2006

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 28.12.2006с. № 602 беэътибор дониста шуд

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004с. № 519, аз 03.06.2006с. № 256)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2004с. № 519, аз 03.06.2006с. № 256)

Мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи нақлиёт" ва Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2000 № 421 "Дар бораи ташкили Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Низомномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сохтори дастгоҳи марказии он, Нақшаи идораи Вазорат ва Номгӯи корхонаҳои давлатии нақлиётӣ, ки фаъолияти худро бо роҳи бастани созишнома бо Вазорат анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима шудаанд).

2. Шумораи кормандони дастгоҳи марказии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 115 нафар (бидуни ҳайати хизматрасон) муқаррар карда шавад.

Ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки чор муовини Вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовара иборат аз 7 нафар дошта бошад.

Барои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомобилҳои хидматӣ ба миқдори 7 воҳид тасдиқ карда шавад.

3. Маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ анҷом дода мешавад.

4. Муқаррар гардад, ки дар соли 2001 маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби мустасно аз ҳисоби пулҷудокуниҳои корхонаҳои давлатии нақлиётӣ дар ҳаҷми зарурӣ анҷом дода мешавад.

5. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корхонаҳои давлатии нақлиётӣ дар мӯҳлати даҳ рӯз сметаи хароҷотро мувофиқа карда, андозаи пулҷудокуниҳо ва тартиби маблағгузории Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соли 2001 муайян намоянд.

6. Муқаррар гардад, ки Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои собиқ Вазорати нақлиёт ва хоҷагии роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир мешавад.

...

Утратило силу в редакции Постановления Правительства РТ от 28.12.2006г. №602

Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О Министерстве транспорта Республики Таджикистан

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2004г.N519, от 3.06.2006г.№256)

(в редакции Постановления Правительства РТ от 31.12.2004г.N519, от 3.06.2006г.№256)

В соответствии с Законом Республики Таджикистан <О транспорте> и Указом Президента Республики Таджикистан от 25 октября 2000 года № 421 <Об образовании Министерства транспорта Республики Таджикистан> Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Утвердить Положение о Министерстве транспорта Республики Таджикистан, и Схему управления Министерства, Перечень государственных транспортных предприятий, осуществляющих свою деятельность путем заключения соглашения с Министерством (Прилагаются)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№256).

Структуру центрального аппарата Министерства транспорта Республики Таджикистан утвердить в новой редакции (прилагаются)(в редакции Постановления Правительства РТ от 306.2006г.№256)

2. Установить предельную численность работников центрального аппарата Министерства транспорта Республики Таджикистан в количестве 94 единиц (без обслуживающего персонала)(в редакции Постановления Правительства РТ от 3.06.2006г.№256)

3. Финансирование Министерства транспорта Республики Таджикистан осуществлять за счет средств республиканского бюджета.

4.Установить, что в 2001 году, в порядке исключения, финансирование Министерства транспорта Республики Таджикистан осуществляется в необходимых объемах за счет отчислений государственных транспортных предприятий.

5.Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерствам транспорта Республики Таджикистан и государственными транспортными предприятиями в десятидневный срок согласовать смету расходов, определить размеры отчислений и порядок финансирования Министерства транспорта Республики Таджикистан в 2001 году.

6.Установить, что Министерство транспорта Республики Таджикистан располагается в здании бывшего Министерства транспорта и дорожного хозяйства Республики Таджикистан.

7.Министерству транспорта Республики Таджикистан:

...