ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2001 № 536 "Дар бораи тадбирҳои такмили баъзе сохторҳои идораи давлатӣ", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Низомномаи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтори дастгоҳи марказии он, инчунин номгӯйҳои корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансуб буда, фаъолияти худро дар соҳаи кишоварзӣ дар асоси шартҳои созишномаҳои дуҷонибаи бо Вазорати мазкур басташаванда анҷом медиҳанд, тасдиқ карда шаванд (замима мегарданд).
2. Шумораи ниҳоии кормандони дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон 125 воҳид ва нақшаи идораи замимашавандаи Вазорати мазкур муқаррар карда шавад.
Ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шавад, ки 5 муовини вазир, аз ҷумла як муовини аввал ва ҳайати мушовараи иборат аз 9 нафар дошта бошад.
Барои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон лимити автомашинаҳои сабукрави хизматӣ 7 воҳид муқаррар карда шавад.
3. Маблағгузории дастгоҳи марказии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ анҷом дода шавад.
4. Муқаррар гардад, ки Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти тобеи он, идораҳои кишоварзии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ системаи ягонаи, идораи давлатиро, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ масъул мебошанд, ташкил медиҳанд.
Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти якҷояро бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми мониторинги соҳаи кишоварзӣ, таҳияи стандартҳо, меъёрҳо ва нормативҳои техникӣ, экологӣ ва ғайра, ки иҷрояшон ҳатмӣ аст, пешбинии тамоюлҳои мавҷуда, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ таъмин намоянд.
5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида:
дар мӯҳлати се моҳ оид ба таҷдиди ташкили мақомоти назораткунандаи тобеи он, низомнома, сохтори дастгоҳҳо, нақшаи идора, шумораи кормандон, маблағгузорӣ ва ҷойгиркунонии мақомоти тобеи он пешниҳод манзур дорад;
дар мӯҳлати чор моҳ оид ба ворид намудани тағйирот ба санадҳои меъёрии дар соҳаи кишоварзӣ амалкунанда пешниҳод манзур дорад;
...