Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 1995, № 471 "Дар бораи квотаҳои истифодаи захираҳои нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ барои самоҳаи сеюми соли 1995"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо қарори Ҳукумати ҶТ аз 5.07.2014 № 463 аз эътибор соқит дониста шуд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҚАРОР

Дар бораи квотаҳои истифодаи захираҳои нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ барои самоҳаи сеюми соли 1995

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон карор мекунад:

1. Квотаҳои истифодаи захираҳои нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ барои семоҳаи сеюми соли 1995 мутобиқи замимаҳои №№1,2 / замимаҳо дар матни русӣ оварда шуданд/ тасдиқ карда шаванд:

2. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содироти нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ мутобиқи квотаҳои тасдиқгардида лиқензия диҳад. Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба колхози ба номи А. Самадов ва заводи пахтатозакунии Восеъ барои бор карда фиристодани нахи пахта аз хаҷмҳое, ки ба баланси соли 1995 дохил нагардидаанд танҳо бо мувофиқаи Вазорати иқтисод ва робитаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома диҳад.

3. Вазорати иқтисод ва робиаҳои иқтисодии хориҷии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти бақияи нахи пахта ва ҳосили дарназардошташудаи соли ҷорӣ захираҳои воқеии нахи пахтаи соли 1995 - ро таҳлил ва муайян намуда, дар муҳлати як моҳ, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кунанд.

4. Кумитаи давлатии қарордод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷвазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо мақомоти дахлдори назораткунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи захираҳои нахи пахта ва алюминии барои истеъмоли дохилҷумҳури ба Кумитаи давлатии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳои хоҷгии халқ чудогардида, ҳаҷмҳои истеҳсол ва истефодаи маҳсулоту молҳои аз ин ашьеи хом истеҳсолшударо тафтиш кунанд.

5. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Ҳукуматҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ бақияи пахта ва нахи пахтаи ба баланси соли 1995 дохилнагардидаро дар хоҷагиҳои тобеъ аниқ намуда, фурӯши бечуну чарои онро ба Саридораи саноати пахтатозакунии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин кунанд.

6. Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои манфиятдор дар мӯҳлати як моҳ истифодаи захираҳои нахи пахта ва алюминии ибтидоиро дар нимсолаи 1 соли 1995 таҳлил намуда, аз натиҷааш ба Хукумат ахборот диҳанд.

7. Муқаррор карада шавад, ки нахи пахта ва алюминии ибтидоӣ бо пардохти пешакии садфоиза аз ҷумҳури бароварда мешавад.

8. Назорати иҷроиши қарои мазкур ба зиммаи Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Убайдуллоев М. гузашта шавад.

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон              Э.Раҳмонов

аз 15 июли соли 1995 № 471

ш. Душанбе