×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2000 № 33 "Дар бораи энергетика"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.2000, №11, мод.504; с. 2005, №12, мод.633; с.2007, №6, мод.436; №7, мод.672; с.2009, №9-10, мод.549; с.2011, №6, мод.440, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 2013, №998)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 118, аз 13.06.2007 № 280, аз 30.07.2007 № 310, аз 16.10.2009 № 556, аз 28.06.2011 № 727, аз 22.07.2013 № 998, аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909)

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 118, аз 13.06.2007 № 280, аз 30.07.2007 № 310, аз 16.10.2009 № 556, аз 28.06.2011 № 727, аз 22.07.2013 № 998, аз 28.12.2013 № 1054, аз 19.07.2022 № 1909)

Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқи ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлати дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои бозоргони, институтсионали ва иттилооти ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998):

...

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ЭНЕРГЕТИКА

(Қонуни ҶТ аз 26.12.2005 № 118, аз 13.06.2007 № 280, аз 30.07.2007 № 310, аз 16.10.2009 № 556, аз 28.06.2011 № 727, аз 22.07.2013 № 998)

Қонуни мазкур принсипҳои асосии ташкилию ҳуқуқи ва тарзу усулҳои танзими фаъолияти хоҷагиро дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур

Мақсади Қонуни мазкур аз таъмини ҳуқуқии сиёсати давлати дар соҳаи энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси механизмҳои бозоргони, институтсионали ва иттилооти ба хотири тараққиёти боэътимодии он ва ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия иборат аст.

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998):

энергетика - соҳаи иқтисодиест, ки ҷустуҷӯ, истихроҷ, истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдори, расонидан, тақсимот ва истеъмоли захираҳои энергетики ва энергияро дар бар мегирад;

комплекси сӯзишворию энергетикӣ - маҷмӯи бо ҳам алоқаманди соҳаҳои иқтисодиёт, ки дар системаҳои гидроэнергия ва гармиистеҳсолкунанда, ангишт, нафт, газистихроҷ, интиқол ва коркардкунанда, барқтаъминкунанда ва барқистифодабаранда, инчунин зерсистемаҳои минтақавӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ, ки сарфи назар аз шакли моликият фаъолият менамоянд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556);

соҳаи энергетика - қисми таркибии энергетика, ки бо яке аз намудҳои захираҳои энергетики ва энергия вобаста аст;

корхонаи энергетики - ин шахси ҳуқуқиест, аз ҷумла аз субъектҳои монополияи табии сарфи назар аз шаклҳои моликияташон, ки ба як ё якчанд намуди фаъолият дар энергетика машғул аст;

объекти энергетика - ин иншооти махсусест, ки барои истеҳсол, таҷдид, интиқол, нигаҳдори, расонидан ва тақсимоти захираҳои энергетики ва энергия таъин шудааст;

фаъолият дар энергетика, хизматрасонии энергетики - ин истеҳсол, интиқол, расонидан, тақсимот, нигаҳдори, коркард, таҷдид, фурӯши энергия, захираҳо ва маҳсулоти энергетики мебошад;

захираи энергетики - ҳомили энергия, ки дар айни замон ё дар оянда метавонад мавриди истифодаи самарабахш қарор гирад. Он чунин тақсимбанди мешавад:

а) захираҳои энергетикии барқароршаванда - ин захираҳое мебошанд, ки ба таври табии ба вуҷуд омада, доимо аз нав пайдо мешаванд (гармии офтоб, ҷараёни табиии обу ҳаво, обҳои геотермали ва биомассаҳо) ва ба намудҳои дигари энергия мубаддал шуда метавонанд;

б) захираҳои аввалияи энергетики - захираҳои табии, ки метавонанд бевосита чун сӯзишвори истифода шаванд (нафт, гази табии, ангишт) ё мавриди истеҳсоли намудҳои гуногуни энергия қарор гиранд;

в) захираҳои энергетикии дуюмдараҷа - захираҳое, ки ба шакли маҳсулоти иловаги дар ҷараёни истеҳсолоти асоси ба даст меоянд;

маҳсулоти энергетики - намудҳои мухталифи сӯзишвори, маҳсулоти нафт, энергияи қувваи барқ ва гарми, ки аз ҳама гуна намудҳои захираҳои энергетики истеҳсол мешаванд;

истеъмолкунандагон дар энергетика - ҳама шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ, ки энергия ва захираҳои энергетикиро мехаранд ва бе мақсади аз нав фурӯхтан онҳоро истифода мебаранд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998);

истеҳсолкунандагон дар энергетика - шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ қатъи назар аз шакли моликияташон, ки барои онҳо ҳамаи захираҳои энергетики ва энергия маҳсулоти моли мебошанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998);

сарфаҷӯии энергия - истифодаи оқилона ва кам кардани талафот дар ҷараёни истеҳсол, таҷдид, интиқол ва истеъмоли энергия мебошад;

консессия - шартнома дар бораи ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ тибқи шартҳои муайян муваққатан барои истифода додани объектҳои давлати бо ҳуқуқи фаъолият намудан дар комплекси сӯзишворию энергетики (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи энергетика ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

БОБИ 2. ТАНЗИМИ ДАВЛАТИ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Моддаи 4. Сиёсати давлати дар соҳаи энергетика

Мақсадҳои асосии давлат дар соҳаи энергетика аз инҳо иборат аст:

- таъмини боэътимод ва сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни ҷумҳури ба захираҳо ва маҳсулоти энергетики ва кафолати амнияти энергетикии кишвар;

- таъмини ҳифзи муҳити зист ва аҳоли аз таъсири зараровари фаъолият дар соҳаи энергетика;

- муҳайё намудани шароити зарури барои пайгирона гузаштани энергетика ба муносибатҳои бозоргони, ҷалб намудани сармоягузории ватани ва хориҷи ба он, ба корхонаҳои энергетики додани мустақилияти иқтисоди ва таъмини тараққиёти онҳо дар асоси рақобати бозоргони;

- баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комплекси сӯзишворию энергетики дар асоси ҷори намудани технологияҳои пешқадам, сарфаҷӯии энергия, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, кам кардани хароҷоти нисбии захираҳои энергетики дар истеҳсоли маҳсулоти умумии милли (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727).

Моддаи 5. Усулҳои танзими давлати дар соҳаи энергетика

Танзими давлати дар соҳаи энергетика ба воситаи таъмини ҳуқуқи, иҷозатдиҳи (литсензиякунони), андозситони, қарздиҳи, маблағгузори, таъмини сиёсати сармоягузори, иҷтимои, илмию техники ва назорати иҷроиши қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики сурат мегирад.

Иҷозатномадиҳии фаъолият дар соҳаи энергетика тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳи ба баъзе намудҳои фаъолият" анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118).

Лоиҳаҳо ва барномаҳои энергетики барои сохтани объектҳои азим ба таври ҳатми аз экспертизаи давлати мегузаранд, ки тартиби гузаронидани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

Моддаи 6. Ваколати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика

Ваколатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар энергетика чунинанд:

таъмини нақши асосии давлат дар тараққиёти энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

идораи комплекси сӯзишворию энергетики дар асоси ҷори намудани механизмҳои бозоргонии фаъолияти он;

фароҳам овардани шароит барои соҳибкории озод ва рушди ҳамаи шаклҳои моликият дар комплекси сӯзишворию энергетики дар фазои пешрафти муносибатҳои бозоргони;

мусоидат намудан ба иштироки сектори хусуси дар комплекси сӯзишворию энергетики, кӯмак ба дастгирии рақобат дар сохтмон, барқарорсози ва истифодаи корхонаҳо ва дар соҳаҳои он; ориҷ карда шуд (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118);

муқаррар намудани тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои энергетики ва барномаҳои сохтмони объектҳои азими энергетики;

консессия дар соҳаи энергетика;

гузаронидани сиёсати нарх ва тариф дар комплекси сӯзишворию энергетики;

бурдани назорат оиди истифодаи захираҳои энергетикии аввалия ва барқароршаванда ва нигоҳдории онҳо;

муҳаё намудани шароити зарури барои ташвиқи сармоягузори дар комплекси сӯзишворию энергетики;

қабули чораҳои фаври барои таъмини истеъмолкунандагон бо захираҳои энергетики ва энергия дар вазъияти буҳрони ва фавқулодда, дар ҳолатҳои зарури ҷори намудани маҳдудияти муваққати дар истифодабарии онҳо;

ҳамоҳангсозии фаъолияти байналмилали дар соҳаи энергетика;

тасдиқ ва назорат оиди амали гаштани барномаҳо:

- таракқиёти комплекси сӯзишворию энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- оид ба стандартизатсиякунони, амният ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаи комплекси сӯзишворию энергетики;

- оид ба ғайриинҳисори ва реструктризатсиякунонии корхонаҳои соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетики;

- оиди сарфаҷӯии энергия;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки дар ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика

(Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280)

Мақомотм ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи энергетика (минбаъд - мақомоти ваколатдор) аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).

Низомномаи мақомоти ваколатдор ва сохтори онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).

Ваколатҳои мақомоти ваколатдор инҳо мебошанд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280):

татбиқи сиёсати давлати дар соҳаи энергетика;

ба нақшагири ва пешбинии самти талабот ва пешниҳодот ба ҳамаи намудҳои захираҳои энергетики ва энергия барои ба ҳисоб гирифтан ва минбаъд даровардани тағйирот ба барномаҳои амал;

гузаронидани баҳодиҳи ба талаботи инвеститсиони ва муайян намудани манбаъҳои эътимодноки маблағгузори ва сармоя;

омӯзиши фаъолияти корхонаҳои энергетики бо мақсади мунтазам гузаштани онҳо ба муносибатҳои бозоргони;

мусоидат барои дохилшавии мунтазами инвеститсияҳои хусуси ба комплекси сӯзишворию энергетики ва зиёдшавии захираҳои энергетикии маҳаллию алтернативи, ва барқароршаванда, аз ҷумла тавассути танзими идоракуни, соҳибии захираҳои дуюмдараҷа ва маҳсулоти энергетики дар сатҳи истеъмолкунандаи ниҳои (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727);

мусоидат ба тарақиёти рақобат, таъмини имкониятҳои баробар ва шароит барои фаъолияти корхонаҳои энергетикии шаклҳои мухталифи моликият;

амали намудани назорат оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномави (Қонуни ҶТ аз 26.12.05с. № 118);

таҳия ва татбиқи барномаҳо:

- оид ба тараққиёти комплекси сӯзишворию энергетики;

- оид ба стандартизатсиякунони, бехатари ва ҳимояи истеъмолкунандагон, ҳифзи муҳити зист аз таъсири манфии фаъолият дар соҳаҳои комплекси сӯзишворию энергетики;

- оид ба сарфаҷӯии энергия;

- оид ба истифодабарии манбаъҳои барқароршавандаи энергия (Қонуни ҶТ аз 28.06.2011 2011 № 727);

амали намудани дигар ваколатҳое, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини намудаанд;

- иҷрои дигар ваколатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 8. Хорич карда шуд

(Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556)

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сӯзишворию энергетики

(Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280)

Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар комплекси сӯзишворию энергетики тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегарданд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280).

БОБИ 3. ХУСУСИЯТҲОИ ФАЪОЛИЯТ ДАР ЭНЕРГЕТИКА

Моддаи 10. Идоракунии корхонаҳои энергетики

Ба корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики дар идоракунии фаъолияти хоҷагию истеҳсоли мустақилият дода мешавад.

Ҳама намуди фаъолияти корхонаҳои комплекси сӯзишворию энергетики дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 11. ҳимояи ҳуқуқҳои моликияти корхонаҳои энергетики

Корхонаҳои энергетики дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар асоси гуногуншаклии моликият (давлати, хусуси, саҳоми, омехта ва муштарак) таъсис ёбанд ва амал кунанд.

Моликони корхонахои энергетики дар назди Қонун баробаранд ва аз ҳимояи баробари Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бархӯрдоранд.

Давлат ба табъизи (дискриминатсияи) корхонаҳои энергетики, сарфи назар аз шакли моликияташон роҳ намедиҳад.

Моддаи 12. ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия

Манфиатҳои истеъмолкунандагони энергия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 13. Масъалаҳои маблағгузори дар энергетика

Дар соҳаи энергетика маблағгузори метавонад аз ҳисоби манбаъҳои давлати, хусуси ва хориҷи таъмин гардад.

Моддаи 14. Сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика

(Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556)

Ҷалб намудани сармояи хориҷи дар энергетика мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амали мегардад. Захираҳои энергетикӣ ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ба истифодаи мӯҳлатнок, тибқи шартномаҳои тарафайн дода мешаванд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556, аз 22.07.2013 № 998).

Барои сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ дар энергетика тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои андоз ва дигар имтиёзҳо муқаррар шуда метавонанд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556, аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 15. Нархгузори дар соҳаи энергетика

Нархҳо ва тарифҳо ба маҳсулот ва хизматрасонии энергетики ба таври озод (шартномави) муқаррар мешаванд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбини шудаанд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ, ҳангоми азхудкунӣ ва истифодабарии захираҳои электроэнергетикӣ, харидории электроэнергияи зиёдатӣ, мақомоти ваколатдор оид ба танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ метавонад нархҳо ва тарифҳои дигарро муқаррар намояд (Қонуни ҶТ аз 16.10.2009 № 556).

Субъекти монополияи табиӣ маҳсулоти корхонаҳои энергетикаи хурд ва манбаъҳои алтернативии нерӯи барқро бо нархи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муайяншуда мефурӯшад ва фарқи байни нархи барои маҳсулоти корхонаҳои энергетикаи хурд, манбаъҳои алтернативии нерӯи барқ ва субъектҳои монополияҳои табиӣ муқарраршуда аз ҳисоби тарифи барои маҳсулоти субъекти монополияи табиӣ муқарраргардида бо дарназардошти зарарҳои пешбинишуда -ҷуброн карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 30.07.07с. № 310).

Моддаи 16. Консессияҳо дар энергетика

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон стансияҳои барқи ва гарми, шабакаҳои магистрали ва тақсимкунандаи қувваи барқ ва иншооти хизматрасони онҳо, хатҳои интиқоли нафту газ, корхонаҳои хоҷагии таъминкунандаи гази табии ва моеъ, объектҳои нафту газ, майдонҳои перспективии дорои нафту газро ба консессия дода метавонад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Додани консессия ба сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ барои кашф, истихроҷ ва истифодаи захираҳои энергетики ва пешбурди дигар фаъолият дар комплекси сӯзишворию энергетики дар асоси шартномаҳои консессиони сурат мегирад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 17. Истифодаи замин дар соҳаи энергетика

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Истифодаи замин дар соҳаи энергетика мутобиқи қонунгузории

Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Моддаи 18. Корхонаҳои давлатии энергетика

Корхонаҳои давлатии энергетики фаъолияти худро дар асоси тиҷорат ба сифати воҳидҳои мустақили хоҷаги, бо усули бастани шартнома бо мақомоти ваколатдор анҷом медиҳанд. Чунин шартномаҳо нисбат ба корхонаи давлатии комплекси сӯзишворию энергетики пешбини менамоянд (Қонуни ҶТ аз 13.06.07с. № 280):

- мақоми зарурии корпоративи ва тиҷоратии он;

- нақша-ҷадвали корҳои тиҷоратикунонии он;

- дараҷаи мустақилияти молияви ва идоракунии он;

- стандартҳо ва меъёрҳои кор ва тобеияти роҳбарияти он;

- усул ва тартиби таҳияи сохтори ҳисоботдиҳии он, аз ҷумла ҳисоботдиҳии алоҳида барои воҳидҳои мухталифи амалкунандаи он, муайян намудани арзиши амвол ва ҳиссаҷудокуни барои хӯрдашавии он;

- муайян кардани кор ва хизматрасони, ки барои эҳтиёҷоти давлат иҷро мешаванд ва арзиши онҳо;

- нишондиҳандаҳои нақшавии солонаи молияви ва истеҳсоли.

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Моддаи 19. Назорати давлатии энергетики

Барои таъмини назорат аз тарафи шахсони ҳуқуқи ва воқеи риоя шудани стандартҳои муқарраргардида, меъёрҳо ва қоидаҳо дар ҷараёни истеҳсол, интиқол, таҷдид, нигаҳдори, истеъмоли захираҳо ва маҳсулоти энергетики, дар истифодаи объектҳо, иншоот, таҷҳизот дар энергетика мувофиқи тартиби муайяншудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати давлатии энергетики ташкил мешавад.

Назорати давлатии энергетики аз тарафи мақомоти махсусгардонидашудаи давлати гузаронида мешавад.

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур

(Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998)

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро риоя намекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд (Қонуни ҶТ аз 22.07.2013 № 998).

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                   Э. Раҳмонов

ш. Душанбе,

 аз 29 ноябри соли 2000, № 33