ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ"
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, № 10, мод.98) тағйироту иловаҳои зайл ворид карда шавад:
1. Қисми панҷуми моддаи 2 дар таҳрири зайл баён гардад:
"Ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, ки аз аттестатсия нагузаштаанд, иҷозатномаи (литсензияи) ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти аудиториро нагирифтаанд ва тибқи тартиботи муқарраршуда ба қайд гирифта нашудаанд, наметавонанд "аудитор" номида шаванд ва ё худро чун ашхоси машғули фаъолияти аудиторӣ тавсия намоянд".
2. Аз қисми шашуми моддаи 4 калимаҳои "ки агар дар он аққалан як аудитор кор кунад, иҷозати фаъолияти аудиторӣ дода мешавад" хориҷ карда шаванд.
3. Дар қисми дуюми моддаи 5 калимаҳои "тафтишро" ва "иқтисодӣ" мувофиқан бо калимаҳои "аудитор" ва "хоҷагидорӣ" иваз карда шаванд.
4. Дар моддаи 6:
қисми якум дар таҳрири зайл баён гардад:
"Тартиби аттестатсия барои ҳуқуки машғул шудан ба фаъолияти аудиторӣ ва додани иҷозатномаи (литсензияи) амалӣ кардани фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд";
аз қисми дуюм калимаҳои "Комиссияи тахассусӣ дар маҷлиси умумии Палатаи аудиторҳо ба мӯҳлати 5 сол интихоб карда мешавад" хориҷ карда шаванд.
5. Дар моддаи 7:
аз сарсатри якум калимаҳои "аз тарафи Комиссияи тахассусӣ" хориҷ карда шаванд;
баъди сарсатри дуюм сарсатрҳои дорои мазмуни зайл илова карда шаванд:
...