Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 1997 № 553
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 декабри соли 1997 № 553
тасдиқ шудааст
Низомномаи идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмони назди кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Идораи экспертизаи давлатии ғайриидораи лоиҳаҳои сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - идораи экспертизаи давлатӣ) ташкилоти мустақиле мебошад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усулҳои ҳисоби хоҷагӣ ба экспертизаи давлатии ба ҳисобгирии техникию иқтисодӣ ва асосноккунии техникии иқтисодӣ (БТИ ва АТИ), лоиҳаҳои сохтмон, таҷдид ва нав кардани текникаи корхонаҳо, биною иншооти сарфи назар аз манбаъҳои маблағгузорӣ ва шаклҳои моликияти иншоот (минбаъд - лоиҳаҳои сохтмон), ҳамчунин лоиҳаҳои таҷрибави ва асосии сохтмони истифодаи умуми, ки тибқи барномаҳои фаъолияти буҷетии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб меёбанд, машғул мешавад.
2. Идораи экспертизаи давлати зимни фаъолияташ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асноди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи мазкур, ҳамчунин амр ва дастурамали Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбари мегирад.
3. Экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон бо мақсади пешгирии сохтмони объектҳое, ки сохтан ва истифодаи онҳо ба талаботи меъёру қоидаҳои давлатии сохтмон мувофиқ нест ва ё ба ҳуқуқу манфиат аз тарафи қонун ҳифзшавандаи шаҳрвандон ашхоси ҳуқуқи ва давлат зарар меорад, гузаронда мешавад.
4. Вазафаҳои асосии Идораи экспертизаи давлати чунинанд:
а) назорати дар лоиҳаҳои сохтмон риоя шудани сиёсати инвестиционии давлат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои сохтмон, ҳалли масъалаҳои сохтмони иншооти истеҳсолӣ, хонаҳои истиқоматӣ, иншоотҳои дигари тайиноти иҷтимоии якҷоя бо объектҳои ҳифзи муҳити зист;
б) таъмини гузаронидани экспертизаи давлатии лоиҳаҳои сохтмон ба дараҷаи баладди илмию техникӣ ва бо дарназардошти истифодаи дастоварҳои пешрафти илму техника дар сохтмон ва лоиҳакаши, истифодаи оқилона ва самарабахши захираҳои модди, сӯзишворию энергетикӣ ва захираҳои меҳнатӣ, то ки корхонаҳо, биноҳо ва иншоотҳои сохташуда то вақти ба кор андохташуданашон аз ҷиҳати техникӣ пешқадам буда, оид ба ҳосилнокии меҳнат, арзиши аслии истеҳсолот ва сифати маҳсулот нишондиҳандаҳои баланд дошта бошанд;
в) баланд бардоштани сатҳи меъморӣ, тарҳрезӣ ва шаҳрсозӣ;
г) назорати дар лоиҳаҳои сохтмон риоя шудани талаботи асноди қонуни ва меёрие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибор доранд;
...