ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХУСУСИГАРДОНИИ ФОНДИ МАНЗИЛ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Қонуни мазкур принсипҳои асосии хусусигардонии фонди давлатии манзилро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, асосҳои ҳуқуқи, иҷтимои ва иқтисодии дигарсозии муносибатҳои моликиятро ба манзил муайян мекунад. Мақсади ин дигарсозиҳо, муҳайё кардани шароити ба амал баровардани ҳуқуқи озодона қонеъ гардонидани талаботи ба манзилдоштаи шаҳрвандон, инчунин беҳтар истифода ва саришта намудани фонди манзил мебошад.
ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ
Моддаи 1. Фонди давлатии манзил бо роҳи бепул ба шаҳрвандон додан ё фурӯхтани манзили истиқоматии онҳо ихтиёран хусуси гардонида мешавад.
Моддаи 2. Шаҳрвандоне, ки дар хонаҳои фонди давлати аз рӯи шартномаи киро ё иҷора зиндагони мекунанд, ҳуқуқ доранд бо розигии тамоми аъзоёни болиғи сокини оила ин хонаро бо шартҳои пешбиникардаи ҳамин қонун ва санадҳои дигари меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон харида гирифта, соҳиби он шаванд.
Моддаи 3. Шаҳрвандоне, ки соҳиби манзили хусуси шудаанд, мувофиқи қонунгузории ҷори онро ихтиёрдори, истифода ва идора мекунад ва ҳуқуқ доранд ин манзилро фурӯшанд, тӯҳфа кунанд, мерос монанд, ба иҷора диҳанд, муомилоти дигареро ба анҷом расонанд, ки он хилофи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд.
Татбиқи ҳуқуқи моликият ба манзил набояд ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони дигарро, ки бо қонун ҳимоя мешаванд, вайрон кунад.
Истифодаи манзили хусусигардонидашудаи фонди манзил ба дигар мақсадҳо манъ аст.
Соҳибони манзили хусусигардонидашудаи хонаҳои фонди давлати соҳибони якҷояи таҷҳизоти инженери ва ҷойҳои истифодаи умуми мебошанд.
Қитъаи замине, ки дар он хонаи истиқомати ва иморатҳои зарурати хоҷагии ёрирасони шахси ҷой гирифтаанд, баъди хусусигардони бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузори ба тариқи мерос якумра ба ихтиёри шаҳрванд мегузарад. Дар ҳолатҳои дигари хусусигардонии манзил қитъаи замин мутобиқи қонунҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби, истифода ва ихтиёрдори карда мешавад.
Моддаи 4. Манзиле, ки дар ҳолати садамави мебошад, ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиени ва зидисӯхтор дар хобгоҳҳо, хонаҳои коммунали, хонаҳо - ёдгориҳои таърихию фарҳанги, дар хонаҳои шаҳракҳои пӯшидаи ҳарби, инчунин манзилҳои хизмати хусуси гардонда намешавад.
Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ҳуқуқ доранд бо дарназардошти пешниҳоди коллективҳо оиди хусусигардонии манзили коммунали фонди манзили совхозу дигар корхонаҳои хоҷагии қишлоқ ва ба онҳо баробар қарор қабул намоянд.
Моддаи 5. Манзилро ба моликияти шаҳрвандон мақоми дахлдори ҳокимияти маҳаллии иҷроия (ҳукумат), вале фонди манзилии моликияти ҷумҳуриро бо розигии мақоми идораи амволи давлати медиҳад, мефурӯшад ва ба расмият медароварад.
Моддаи 6. Шаҳрванд аз рӯзи қарор қабул кардани Раиси ВМКБ, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ба манзили харидааш ҳуқуқдор мешавад.
...