Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1999, № 3 "Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОН

"Дар бораи тадбирҳои рушди минбаъда ва баланд бардоштани самарабахшии ислоҳоти иқтисодӣ"

Бо мақсади баланд бардоштани самарабахшии гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ, афзоиш ва таъмиқи минбаъдаи он, инчунин дар ин асос рушди иқтисодиёт ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, моддаҳои 12, 32, 35, 38 ва 41 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури амал қарор дода, фармон медиҳам:

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

I. Дар соҳаи мӯътадилгардонии макроиқтисодӣ

- аз соли 2001 оғоз намуда, бо роҳи таҳияи буҷети миёнамӯҳлат, такмили ҷараёни буҷет ва системаи идораи хароҷот самарабахшии хароҷоти давлатиро баланд бардорад;

- мунтазам баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии андозҳо ва кам кардани касри буҷетро таъмин намояд;

- дар соли 2000 дар тамоми минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷори намудани системаи хазинадориро ба итмом расонида, лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи хазинадори" ба баррасии Маҷлиси Оли пешниҳод намояд;

-таъсиси фаъолияти самарабахши системаи амалкунандаи бозори коғазҳои қимматнокро суръат бахшад.

Якҷоя бо Бонки миллии Тоҷикистон:

-вобаста ба таъсиси системаи мукаммали бонки ва муассисаҳои ғайрибонкии молияви, ки эҳтиёҷоти иқтисодиёти тозабунёд, тақвият рақобат дар сектори молияви ва баланд бардоштани самаранокии сиёсати пулию кредитии амалишавандаро таъмин менамоянд, тадбирҳои зарури андешад;

-оид ба маҳдуд намудани афзоиши шаклҳои ғайрипулии амалиёти иқтисоди, ҷамъшавии қарзҳои мӯҳлаташон гузашта ва ҳисоббаробаркуниҳо бо буҷети давлатие, ки ба кам шудани даромади давлат ва боиси хоҳиши сиёсати мӯътадилгардони мегардад, тадбирҳои зарури андешад

II. Дар соҳаи ислоҳоти сохтории иқтисодиёт

-иҷрои Барномаи ҷории хусусигардониро таъмин карда, Барномаи таъмиқи онро дар давраи миёнамӯҳлати навбати таҳия намояд:

...

УКАЗ

ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О МЕРАХ ПО ДАЛЬНЕЙШЕМУ РАЗВИТИЮ И ПОВЫШЕНИЮ ЭФФЕКТИВНОСТИ ЭКОНОМИЧЕСКИХ РЕФОРМ

В целях повышения эффективности осуществляемых экономических реформ, их дальнейшего развития и углубления, обеспечения на этой основе роста экономики и уровня жизни, руководствуясь статьями 12, 32, 35, 38 и 41 Конституции Республики Таджикистан, постановляю:

Правительству Республики Таджикистан:

I. В области макроэкономической стабилизации

- повысить эффективность государственных расходов путем разработки, начиная с 2001 года, среднесрочного бюджета, совершенствования бюджетного процесса и системы управления расходами;

- обеспечить планомерное повышение уровня собираемости налогов и сокращение дефицита бюджета;

- завершить в 2000 году полное внедрение системы казначейства и представить на рассмотрение Маджлиси Оли Республики Таджикистан проект закона Республики Таджикистан "О казначействе";

- ускорить создание эффективно функционирующей системы рынка ценных бумаг;

Совместно с Национальным банком Таджикистана:

- принять необходимые меры по созданию полноценной банковской системы и небанковских финансовых учреждений, обеспечивающих потребности нарождающейся новой экономики, усиление конкуренции в финансовом секторе и повышение эффективности осуществляемой денежно-кредитной политики;

- принять необходимые меры по ограничению роста, неденежных форм экономических операций, накопления просроченной задолженности и взаимозачетов с государственным бюджетом, приводящих к сокращению доходов государства и подрывающих политику стабилизации.

II. В области структурных преобразований экономики

- обеспечить выполнение действующей Программы приватизации и подготовить программу ее углубления на очередной среднесрочный период;

...