Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 1997 №366
тасдиқ шудааст
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 12 августи соли 1997 №366
тасдиқ шудааст
Низомномаи фурӯши иншооти сохтмони нотамом
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 2.11.2015 № 659)
I. Муқаррароти умумӣ
1. Ҳамин Низомнома бо мақсади ба тартиб андохтан ва суръат бахшидани ҷараёни хусусигардонии иншооти сохтмони нотамоме, ки ба моликияти давлатӣ мансубанд, таҳия шудааст ва қоидаҳои асосии доир намудани тендерҳоро оид ба фурӯши иншооти сохтмони нотамом, ҳамчунин ҳуқуқ ва ӯҳадориҳои ширкаткунандагони тендерҳоро муайян мекунад.
2. Низомнома ба иншооти сохтмони нотамоми таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, маишӣ, маъмурию хоҷагии тамоми соҳаҳои иқтисод дахл дорад .
3. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди моликияти ҷумҳуриявӣ ва Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ашхоси ваколатдори онҳо дар мавриди моликияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом номгӯи иншооти сохтмони нотамомро, ки хусусӣ гардонида мешаванд пешниҳод мекунанд .
4. Шаклҳо ва шароити хусусӣ гардонидани иншооти сохтмони нотамомро Комиссия оид ба масъалаҳои сохтмони нотамом, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян менамояд.
5. Нашри рӯйхатҳои иншооти сохтмони нотамом, ки бояд дар музоядаҳо, тендерҳо ё аз рӯи лоиҳаи инфиродии хусусигардонӣ фурӯхта шаванд, хабари расмӣ оид ба оғози хусусигардонии онҳо мебошад.
6. Фурӯшандаи иншооти сохтмони нотамоме, ки ба моликияти ҷумҳуриявӣ мансубанд, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иншооте, ки ба моликияти вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо мансубанд, - Маҷлисҳои дахлдори вакилони халқ ва ашхоси ваколатдори онҳо (минбаъд-Фурӯшанда) мебошанд .
...