ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ДОХИЛ НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА МОДДАИ 286 КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 286 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 маи соли 1998 тасдиқ шудааст, дар таҳрири зайл баён шавад:
"Моддаи 286. Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ
1. Додугирифти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ бо роҳи харидан, фурӯхтан, иваз ё истифода кардани он ба сифати дигар воситаҳои пардохт, инчунин содир кардани дигар муомилоти ғайриқонунӣ, агар арзиши предмети муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз панҷоҳ маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад;
бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то ду ҳазор маоши ҳадди ақал ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то шаш сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.
2. Кирдори пешбининамудаи қисми якуми ҳамин модда, агар:
а) такроран;
б) аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ;
в) ба миқдори калон
содир шуда бошад,бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз панҷ то ҳашт сол бо мусодираи амвол ҷазо дода мешавад.
Эзоҳ: Кирдорҳои дар ҳамин модда номбаршуда ҳангоме ба миқдори калон ҳисобида мешаванд, ки агар арзиши предмети муомилот ё амалиёти ғайриқонунӣ аз ду ҳазор маоши ҳадди ақал зиёдтар бошад".
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе
13 ноябри соли 1998 № 684