×

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1998 № 648 "Дар бораи бонкҳо ва фаъолияти бонкӣ"

Санаи амалкуни: 30.07.2007

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни ҶТ аз 19.05.2009 № 524 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ БОНКҲО ВА ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 62, аз 28.12.2005 № 133, аз 30.07.2007 № 316)

(Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 62, аз 28.12.2005 № 133, аз 30.07.2007 № 316)

БОБИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМИ

Моддаи 1. Мафҳуми бонк

Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилоти тиҷоратиест, ки барои ҷалби амонатҳою дигар воситаҳои пули ба мақсади истифодаи онҳо барои қарздиҳи бо шартҳои бозгардони, муздноки, мӯҳлатноки, инчунин барои ҳисоббаробаркуни, бо супориши мизоҷон ташкил карда мешавад (Қонуни ҶТ аз 2.12.2002 № 62).

Бонк шахси ҳуқуқи буда, фаъолияти худро мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин Қонун, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон", дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии Бонки миллии Тоҷикистон ва оинномаи худ амали мегардонад.

Истилоҳи "Бонк" ё ибораи дигари бо истифодаи ин истилоҳ сохташуда дар номи фирмави ва ба мақсадҳои реклама фақат аз тарафи ташкилотҳое, ки мувофиқи ин Қонун барои иҷрои амалиёти бонки ҳуқуқ доранд, метавонад истифода шавад.

Бонкҳо дар шакли ҳар гуна моликият (аз ҷумла, бо ҷалби сармояи хориҷи) бо тартибе, ки қонун муқаррар кардааст, ташкил карда мешаванд.

Моддаи 2. Фаъолияти бонки

1. Фаъолияти бонки аз иҷрои амалиёти бонки, инчунин гузаронидани амалиёти дигаре, ки дар ин модда муқаррар шудааст, иборат мебошад.

2. Ба амалиёти бонки инҳо тааллуқ доранд:

а) қабули амонатҳои шахсони ҳуқуқи;

...