ҚОНУН ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҶОВИДОН СОХТАНИ ХОТИРАИ ШАҲРВАНДОНЕ, КИ ҲАНГОМИ МУҲОФИЗАТИ ВАТАН ҲАЛОК ГАРДИДААНД
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 712, аз 27.11.2014 № 1142)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандонеро, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, муайян мекунад ва ваколатҳои мақомоти давлатиро, ки ин вазифаҳоро ба ҷо меоваранд, муқаррар менамояд .
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
(Қонуни ҶТ аз 25.03.2011 № 712)
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад .
Моддаи 2. Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд
Сиёсати давлати дар роҳи ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд, системаи тадбирхои ҳуқуқи, иҷтимоию иқтисоди, маданию маърифати, ахлоқи, ташкили ва тадбирҳои дигарест, ки ҷиҳатҳои зеринро пешбини менамояд:
тартиб додани Барномаи давлатии ҷовидон сохтани хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
дар ҷамъият пойдор шудани эҳтироми хотираи шаҳрвандоне, ки ҳангоми муҳофизати Ватан ҳалок гардидаанд;
...