ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
"ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТИ ИҚТИСОДИИ КОРХОНАҲО, ТАШКИЛОТУ МУАССИСАҲО БАРОИ ҚОНУНШИКАНӢ ДАР СОҲАИ СОХТМОН ВА САНОАТИ МАСОЛЕҲ, КОНСТРУКСИЯ ВА МАСНУОТИ БИНОКОРӢ"
Қонуни мазкур масъулияти иқтисодии корхонаю муассиса ва ташкилотҳоро, сарфи назар аз мансубияти идорави ва шакли моликияташон (минбаъд - корхонаҳо) барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори муайян намуда, ба тақвияти назорати давлати ба сифати сохтмон ва таъмини истифодаи боэътимоди биноҳо, иморат ва иншоот равона карда шудааст.
Моддаи 1. Қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори
Риоя накардани талаботи ҳатмии стандартҳои давлати, меъёр ва қоидаҳои бинокори, лоиҳаҳо, дигар санадҳои меъёри дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳи бинокори, ки боиси паст ва бадтар шудани мустаҳками, устувори, эътимодноки, бад гаштани сифати истифодаи иморатҳо, биною иншоот, қисм ё ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо, мустаҳкамии параметрҳои масолеҳ, конструксия ва маснуоти истеҳсолшуда, инчунин амалиёте, ки тартиби муайняншудаи ташкилию ҳуқуқии сохтмони объектҳо ва ба истифода қабул кардани онҳоро вайрон мекунанд, ҳамчун қонуншикани дар соҳаи сохтмон дониста мешавад.
Моддаи 2. Масъулияти иқтисоди барои қонуншикани дар соҳаи сохтмон ва саноати масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори
Аз корхонаҳое, ки корҳои лоиҳаи, тадқиқоти ва бинокорию васлгариро иҷро мекунанд, масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори истеҳсол менамоянд, инчунин аз фармоишгарони сохтмон барои қонуншиканиҳои зерин ҷарима ситонида мешавад:
Барои сохтмони объектҳо бе ҳуҷҷати мувофиқи тартиби муқарраргардида тасдиқшудаи лоиҳавию-сметави, бе иҷозати мақомоти назорати меъмори барои ҳуқуқи иҷро кардани корҳои бинокорию васлгарди, набудани хулосаи мусбати экспертизаи техники ва экологии нақшаҳо, инчунин сохтмон бе риояи ҳуҷҷатхои тасдиқшудаи лоиҳавию-смета - ба андозаи 20 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда.
Барои вайрон намудани талаботи ҳатмии санадхои меъёри дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳави, тадқиқоти, бинокорию васлгари, истеҳсоли масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори:
- ба андозаи 100 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар хатогии содиргашта боиси гум кардани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморатҳо, иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда бошад;
- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар на риоя кардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморату иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо шуда бошад;
Барои вайрон намудани талаботи ҳатмии санадҳои меъёри, дар соҳаи сохтмон ҳангоми иҷрои корҳои лоиҳави, тадқиқоти, бинокорию васлгари, истеҳсоли масолеҳ, конструксия ва маснуоти бинокори:
- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар риоя накардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии биноҳо, иморату иншоот, қисмҳо ва ҷузъҳои алоҳидаи конструксияи онҳо гардида бошад;
- ба андозаи 50 фоизи арзиши корҳои иҷрошуда, агар риоя накардани талабот боиси паст шудани устувори, мустаҳками, боэътимодии алоҳидаи конструксияи онҳо гардида бошад;
...