ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУРОҶИАТҲОИ ШАҲРВАНДОН
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 582, аз 21.11.2006 № 208, аз 30.07.2007 № 302, аз 29.12.2010 № 643, аз 03.07.2012 № 837)
(Қонуни ҶТ аз 21.05.1998 № 582, аз 21.11.2006 № 208, аз 30.07.2007 № 302, аз 29.12.2010 № 643, аз 03.07.2012 № 837)
Қонуни мазкур тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ё иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд .
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин қонун ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдор. иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисахо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд .
Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди дини, мавқеи сиёси, таҳсилот, вазъи иҷтимои ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад .
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлати ва ҷамъияти иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амали намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд ():
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;
- барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлати ва иттиҳодияҳои ҷамъияти ;
- Хорич карда шуд .
- Хорич карда шуд .
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур баррасӣ карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад .
...