ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
(Қонун аз 21.05.1998с.№582, аз 21.11.2006с. №208 аз 30.07.2007с.№302)
Ин Қонун тартиби бо таклифу аризаҳо ва шикоятҳо ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли ё иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, муроҷиат намудани шаҳрвандон ва тартибу мӯҳлати баррасии муроҷиатҳои онҳоро муқаррар менамояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 1. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба муроҷиат
Шаҳрвандон мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд шахсан ё якҷоя бо дигарон ва ё ба воситаи намояндагони ваколатдори худ, бо тартиби муқарраркардаи ҳамин Қонун ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли ва шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Ҳама дар назди Қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёси, таҳсилот, вазъи иҷтимоӣ ва молу мулкиаш ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идоракунии корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ иштирок намуда, ҳуқуқу озодиҳоеро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дигар ба онҳо додаанд, амалӣ намуда, дорои чунин ҳуқуқҳо мебошанд:
ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ, инчунин ҳуқуқу манфиатҳои қонунии дигар шахсон ва ташкилотҳо;
барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаашон аз тарафи мақомоти салоҳиятноки давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ (Қонуназ 21.11.06с. № 208);
сархатҳои сеюм ва чоруми қисми сеюм хориҷ карда шуданд (Қонун аз
21.11.06с. № 208).
Шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ки ҳалли масъалаҳои дар муроҷиат овардашуда ба салоҳияти онҳо дохил мешаванд, муроҷиат намоянд. Муроҷиатҳои шаҳрванди хориҷи ва шахси бешаҳрванд бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барраси карда мешаванд, агар дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, тартиби дигар пешбини нашуда бошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Дастурамали коргузорӣ бо муроҷиатҳои шаҳрвандонро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намояд (Қонун аз 21.05.98c. № 582).1
Моддаи 1.1. Доираи амали Қонуни мазкур (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Амали Қонуни мазкур ба тамоми муроҷиатҳои шаҳрвандон таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳо, ба истиснои муроҷиатҳое, ки тибқи талаботи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмури барраси карда мешаванд, паҳн мегардад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 1.2. Қонунгузори дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон ба Конститутсия (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 2. Намудҳои муроҷиатҳо
Муроҷиатҳои шаҳрвандон иборат аз таклифҳою аризаҳо ва шикоятҳо мебошанд.
Таклифҳо - муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки барои беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли ё идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Аризаҳо - муроҷиатномаҳои шаҳрвандон, ки барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои барояшон маълумшуда равона карда шудаанд ё аз хоҳиши амалӣ намудани ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо иборатанд.
Шикоятҳо - муроҷиатномаҳои шаҳрвандон бо талаби барқарор намудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, ки аз амал, беамалӣ ё бо қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, инчунин шахсони мансабдор вайрон карда шудаанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Муроҷиатҳо инфиродӣ ё коллективӣ буда метавонанд, ки дар шакли шифоҳи ё хаттӣ пешниҳод мегарданд ва барои ҳимояи ҳуқуқи шахсӣ инчунин ҳуқуқи дигар шахсон ва ташкилотҳои дигар равона карда мешаванд, агар қонун таври дигар пешбинӣ накарда бошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 2.1. Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон дар сурате ба қайд гирифта ва барраси карда мешаванд, ки агар шахсияти муроҷиаткунанда маълум ва муайян бошад.
Ба муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон ҷавоби шифоҳи дода, дар мавриди санҷиши иловагиро талаб намудани далелҳои овардашуда, шахсони мансабдор метавонанд дар доираи салоҳияти худ ба шахсони мутасадди оид ба баррасии онҳо супоришҳои дахлдор диҳанд.
Муроҷиатҳои шифоҳии шаҳрвандон аз рӯзи муроҷиат намудан ба қайд гирифта шуда, таҳти назорат гирифта мешаванд ва аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Қонун хабардор карда мешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 2.2 Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электрони ё шабакаи интернет ворид мешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электрони ё шабакаи интернет ворид мешаванд, дар сурате ба қайд гирифта, барраси карда мешаванд, ки агар дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шахси муроҷиаткунанда нишон дода шуда, имзои электронии рақами бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуда бошад.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия, суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда ва имзои электронии рақами нишон дода нашудааст ё ин ки ба воқеият мувофиқ нестанд, муроҷиатҳои беном ҳисобида шуда, мавриди барраси қарор намегиранд.
Муроҷиатҳои шаҳрвандон, ки ба воситаи почтаи электрони ё шабакаи интернет ворид мешаванд, аз рӯзи ворид шуданашон ба қайд гирифта аз натиҷаи баррасии онҳо шахсони манфиатдор бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур хабардор карда мешаванд (Қонун аз 30.07.07с. № 302).
Моддаи 3. Шикояту аризаҳои такрорӣ ва дуюмбора (Қонун аз
21.11.06с. № 208)
Ҳамон шикоят ё аризаи шаҳрванд такрорӣ ҳисобида мешавад, ки вай аз қарори аз рӯи шикоят ё аризаи якумаш ба ҳамон як мақомот оиди як масъалаи қабулшуда розӣ набошад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Ҳамон шикоят ё аризае шикояту аризаи дуюмбора ҳисобида мешавад, ки оиди як масъала буда, то гирифтани ҷавоб ба шикоят ё аризаи якум фиристода шудааст.
Шикоят ё аризаи такрории шаҳрвандон ба як мақомот, ки дорои далелҳои нав намебошанд ё дар онҳо ҳолатҳои нав ошкор нашудаанд, мавриди барраси қарор намегиранд, агар дар бораи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, натиҷаҳои тафтиши мукаммал мавҷуд бошанд ва ба шаҳрванд ҷавоби пурра дода шуда бошад (Қонун аз
21.11.06с. № 208).
Моддаи 4. Додани ариза ва шикоят
Ариза ва шикоят аз тарафи шаҳрвандоне, ки ҳуқуқашон вайрон карда шудааст, аз тарафи шахсоне, ки шаҳрвандон онҳоро ба ин кор вазифадор кардаанд, инчунин шахси дигар ё ташкилоте, ки бо фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ машғул аст, дода шуда метавонад. Шикоят ва ариза барои ҳимояи манфиатҳои ноболиғон ва касони ғайриқобили амал аз тарафи намояндаҳои қонунии онҳо дода мешавад.
Шикоят ва ариза ба мақомоти болоӣ, ки шикоятгару аризадиҳанда тобеи он мебошанд, ба шахси мансабдор ё суд дар маҳалли воқеияти мақом ё ҷои кори шахси мансабдор, ки амали онҳо мавриди шикоят қарор гирифтааст ё аз рафтори ғайриқонунии онҳо хабар медиҳад дода мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Қисми сеюми моддаи 4 хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 5. Талаботе, ки нисбати муроҷиатҳо пешниҳод мегардад
Дар муроҷиат бояд фамилия, ном, суроғаи шаҳрванд, моҳияти таклиф, ариза ё шикоят зикр гарданд.
Муроҷиатҳое, ки дар онҳо ном, номи падар, фамилия ва суроғаи шаҳрванди муроҷиатнамуда зикр нашудаанд ва ё ба воқеият мувофиқ нестанд муроҷиатҳои беном буда мавриди барраси қарор намегиранд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Муроҷиатҳое, ки ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, мақомоти идтиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият, шахсони мансабдори онҳо равона карда шудаанду ҳалли масъалаҳои ба миён гузошташуда ба салоҳияти онҳо дохил намешаванд, дар мӯҳлати на камтар аз 5 рӯз ба мақомот ё шахсони мансабдори дахлдор фиристода, дар ин бора муаллифони онҳо хабар дода мешавад (Қонун аз
21.11.06с. № 208).
Шикоятҳо ва аризаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда дода шудаанд, ҳатман бояд мавриди баррасӣ қарор гиранд, қабул накардани шикояту аризаҳо мумкин нест. Ариза ва шикоятҳои шаҳрвандонро ҳамчунин ба он мақомот ва шахсони мансабдор фиристодан мумкин нест, нисбати амал ва беамалии онҳо шикоят намуда ё рафтори ғайриқонунии онҳо хабар дода мешавад.
Моддаи 6. Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд
Муроҷиатҳое, ки ба воситаҳои ахбори омма фиристода шудаанд, мувофиқи ин Қонун ва қонунҳо дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.
Моддаи 7. Ҳуқуқи шаҳрванд ҳангоми додани шикоят
Шаҳрванде, ки бо шикоят ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият муроҷиат менамояд, ҳуқуқ дорад (Қонун аз 21.11.06с. № 208):
шахсан далелҳои худро ба шахсе, ки шикоятро тафтиш менамояд, баён кунад;
бо материалҳои тафтиш бо риояи талаботи моддаи 11-уми ҳамин Қонун шинос шавад;
маводҳои иловагӣ пешниҳод кунад ё аз тарафи мақомоти баррасикунандаи шикоят талаб карда гирифтани онҳоро дархост намояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208);
аз хизмати адвокат ё шахси дигар истифода барад;
дар бораи натиҷаҳои баррасии шикоят ҷавоби хаттӣ гирад;
ҷуброни зиёни расонидашударо аз шахсони гунаҳкор бо тартиби муқарраркардаи қонун талаб намояд.
дар сурати рози набудан бо қарори қабулшуда ба суд шикоят намояд (Қонун аз 21.11.06с. № 208);
Моддаи 8. Амали мақомоте (шахсони мансабдоре), ки нисбати онҳо мувофиқи ин Қонун шикоят карда мешавад
Ба амалҳо, қарорҳои мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳо, корхонаҳо муассисаҳо, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо, ки нисбати онҳо ҳуқуқ ба тартиби тобеият ба мақом, шахси мансабдор ё суд муроҷиат кардан мумкин аст, амалҳои коллегиалӣ ва инфироди, қарорҳо тааллуқ доранд, ки дар натиҷаи онҳо (Қонун аз 21.11.06с. № 208);
шаҳрванд аз имконияти пурра ё қисман амалӣ намудани ҳуқуқе, ки қонун ё дигар санади қонунгузорӣ додааст, ғайриқонунӣ маҳрум карда шудааст;
ба зиммаи шаҳрванд ғайриқонунӣ вазифае гузошта шудааст ё вай ғайриқонунӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Мувофиқи ин Қонун беамалии мақомот ва шахсони мансабдор, яъне иҷро накардани амалҳое низ метавонад мавриди шикоят қарор гирад, ки онҳо мебоист ба манфиати шаҳрванд анҷом медоданд ва метавонистанд анҷом диҳанд, вале иҷро накардани онҳо боиси оқибатҳое шудааст, ки дар қисми якуми ҳамин модда зикр ёфтаанд.
Моддаи 8.1. Мӯҳлати пешниҳоди муроҷиатҳо (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Мӯҳлати пешниҳоди таклифҳо ва аризаҳои шаҳрвандон, ки ба мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият равона карда шудаанд, маҳдуд карда намешаванд.
Шикоятҳо метавонанд аз тарафи шаҳрвандон ба мақомоти дахлдор дар мӯҳлати на дертар аз се сол аз рӯзи вайрон карда шудани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо ё аз рӯзе, ки чунин вайронкуни ба онҳо маълум гардидааст, пешниҳод карда шаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 9. Вазифаҳои мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо оиди баррасии муроҷиатҳо (Қонун аз 21.11.06с. № 208)
Мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳаллива иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, роҳбарони онҳо ва дигар шахсони мансабдор дар доираи салоҳияти худ вазифадоранд (Қонун аз 21.11.06с. № 208):
мунтазам вазъи корро оиди баррасии таклифҳо, аризаҳо ва шикоятҳои шаҳрвандон дар раёсатҳо ва шӯъбаҳои дахлдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеашон тафтиш намоянд, барои бартараф намудани сабабҳо ва шароите, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои аз тарафи Қонун ҳимояшавандаи шаҳрвандон ё такроран ва дуюмбора расидани шикояту аризаҳо мешаванд, тадбирҳо андешанд. Муроҷиатҳоро ҳаматарафа, беғаразона ва саривақт дар мӯҳдати муқаррарнамудаи ҳамин Қонун баррасӣ намоянд дар сурати зарурат шахсони мансабдорро даъват намуда, аз онҳо ҳуҷҷатҳои даркориро талаб карда гиранд, кормандонро барои тафтиш ба маҳалҳо фиристанд, қарорҳои қонунан асоснок қабул намоянд ва иҷрои онҳоро таъмин кунанд дар бораи натиҷаи баррасии муроҷиатҳо ба шаҳрвандон хаттӣ хабар диҳанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Рад кардани талаботе, ки дар ариза ва шикоят баён шудааст, бо зикри сабабҳои радкунӣ, инчунин шарҳи тартиби шикоят нисбати қарори қабулшуда ба маълумоти шаҳрванд расонида мешавад.
Масъулият оид ба ташкили баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ба зиммаи роҳбарони мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, гузошта мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 10. Манъи таъқиби шаҳрвандон барои муроҷиаташон ва маҷбур кардани онҳо барои иштирок дар амалиёти ҳимояи муроҷиатҳо
Таъқиби шаҳрвандон ва аъзои оилаҳои онҳо барои ба воситаи муроҷиатҳо амалӣ намудан ё ҳимоя кардани ҳуқуқу манфиатҳояшон манъ аст.
Ҳеҷ касро барои иштирок кардан ҳимояи ягон муроҷиат маҷбур мумкин нест.
Шахси мансабдоре, ки шаҳрвандро барои муроҷиат кардан бо тартиби муқарраргардида ё барои танқиди дар он зикршуда, ҳамчунин барои танқид кардан ба шакли дигар таъқиб менамояд, мувофиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Моддаи 11. Манъи ошкорсозии маълумоте, ки дар натиҷаи баррасии муроҷиатҳо маълум гардидаанд
Ҳангоми баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи кормандони мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳои ҷамъияти, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба ошкорсозии маълумотҳое, ки дорои сирри давлати, ё дигар сир, ё ин, ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон мебошанд, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон мегардад, роҳ дода намешавад. Инчунин аниқ намудани маълумот дар бораи шахсияти шаҳрванд, ки он ба муроҷиат дахл надорад манъ аст. Бо хоҳиши шаҳрванд ошкор намудани ягон маълумоте, ки ба шахсияти вай тааллуқ дорад раво нест (Қонун аз
21.11.06с. № 208).
Моддаи 12. Мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо
Муроҷиатҳои шаҳвандон дар мӯҳлати то як моҳ аз рӯзи расиданашон, вале муроҷиатҳое, ки омӯзишу таҳқиқи иловагиро наметалабанд, дар давоми 15 рӯз баррасӣ мешаванд.
Дар ҳолатҳое, ки барои ҳалли ариза ё шикоят гузаронидани тафтиши махсус, талаб карда гирифтани маводҳои иловагӣ ё дидани чораҳои дигар зарур аст, мӯҳлати ҳалли ариза ва шикоят ба таври истисно аз тарафи роҳбар ё муовини роҳбари мақомоти дахлдор, корхона, муассиса, ташкилот дароз карда шуда метавонад, аммо на зиёда аз як моҳ ва дар ин бора шахсе, ки ариза ё шикоят додааст, огоҳ карда мешавад. Зимнан мӯҳлати умумии баррасии муроҷиат аз ду моҳ зиёд буда наметвонад (Қонун аз
21.11.06с. № 208).
Моддаи. 13. Қабули шахсии шаҳрвандон
Вакилони ҳамаи сатҳҳо, роҳбарон ё дигар шахсони мансабдори мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият вазифадоранд, ки шаҳрвандро шахсан қабул кунанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Шаҳрвандон мунтазам дар рӯзҳо ва соатҳои муқарраршуда рӯзҳои қабул карда мешаванд.
қисми сеюм хориҷ карда шуд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Тартиби қабули шаҳрвандон дар мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо сарфи назар аз шакли моликият аз тарафи роҳбарони онҳо муайян карда мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Дар сурати то охир барраси нашудани муроҷиати шифоҳи ва хаттии шаҳрвандон ҳангоми қабул аз ҷониби шахсони масъул, баррасии он дар асоси талаботи Қонуни мазкур амали мегардад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 14. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонун дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Кормандони мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли, иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ сарфи назар аз шакли моликият ки (Қонун аз 21.11.06с. № 208):
барои ғайриқонунӣ рад кардани баррасии муроҷиатҳо:
барои бе сабабҳои узрнок риоя накардани мӯҳлати баррасии муроҷиатҳо;
барои қабул кардани қарори беасоси хилофи Қонун;
барои фош намудани маълумоти дорои сирри давлати ё дигар сир ё ин ки маълумоти қонунан ҳифзшаванда оид ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, инчунин дигар маълумот, ки боиси вайронкунии ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон гардидааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгари кашида мешаванд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 15. Ҷуброни зиёне, ки бинобар риоя накардани талаботи Қонун ба шаҳрванд ҳангоми баррасии ариза ва шикоят расонида шудааст
Дар мавриди қонеъкунонии ариза ва шикоят мақоме (ташкилоте, ки аз рӯи онҳо қарори ғайриқонунӣ қабул кардааст, зиёни расонида шударо вобаста ба додани ариза ва шикоят ва баррасии он, ба шумули маблағи боҷи давлатӣ, хароҷоти иштирок дар баррасии шикоят, ки бо талаби мақоми дахлдор сурат гирифтааст ва музди миёнаи меҳнат дар ин муддат аздастрафтаро ҷуброн мекунад. Баҳси оид ба ситонидани пули хароҷот ба тартиби судӣ баррасӣ карда мешавад.
Ба шаҳрванд мувофиқи хоҳишаш ва ба тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёни маънавие, ки бинобар амал ё қарори ғайриқонунии мақомот ё шахси мансабдор ҳангоми баррасии шикоят ё аризааш расонида шудааст, метавонад ҷуброн карда шавад. Андозаи ҷуброни зиёни маънавӣ дар ифодаи пулӣ аз тарафи суд муайян карда мешавад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои додани аризаву шикоятҳои дорои хусусиятҳои зиддиқонунӣ
Шаҳрванд барои додани ариза ва шикояти туҳматангез ва таҳқиромез, инчунин даъват ба низоми миллӣ, динӣ ва амалҳои дигаре, ки мавриди ҷазои ҷиноӣ қарор мегиранд, мувофиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад.
Моддаи 17. Ҷуброни хароҷоти вобаста ба тафтиши ариза ва шикоятҳое, ки дорои маълумоти бардуруғ мебошанд
Хароҷоте, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти давлати, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлати, мақомоти худидоракунии маҳалли ё иттиҳодияҳои ҷамъиятии корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо вобаста ба тафтиши ариза ва шикоятҳои дорои маълумоти бардуруғ сурат гирифтааст, бо қарори суд аз рӯёнида шуда метавонад (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Моддаи 18. Назорат ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Назоратро ба риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи муроҷиати шаҳрвандон мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, идораҳо ва мақомоти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нисбати корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва иттиҳодияҳои тобеашон таъмин менамоянд.
Моддаи 19. Назорати прокурорӣ ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон
Назорат ба риояи қонунҳо дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон аз тарафи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи вай сурат мегирад.
Моддаи 20. Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти байнидавлати
Шаҳрванд ҳақ дорад дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ба мақомоти байнидавлати оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд, агар ҳамаи воситаҳои ҳифзи ҳуқуқии дохилидавлати пурра истифода шуда бошанд (Қонун аз 21.11.06с. № 208).
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш. Душанбе
аз 14 декабри соли 1996 № 343