ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БИРЖАИ МОЛӢ ВА САВДОИ БИРЖАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни ҶТ аз, 15.05.1997 № 421, аз 12.12.1997 № 498, аз 28.12.2005 № 148, аз 25.03.2011 № 698)
(Қонуни ҶТ аз, 15.05.1997 № 421, аз 12.12.1997 № 498, аз 28.12.2005 № 148, аз 25.03.2011 № 698)
Ҳамин Қонун асосҳои ташкили, иқтисоди ва ҳуқуқии ташаккул ва инкишофи биржаи моли ва савдои биржавиро дар шароити бозори иқтисоди муайян карда, якҷоя бо дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад.
Биржаҳои моли ва савдои биржави дар муҳайё намудани шароит барои ташаккули бозори воситаҳои истеҳсолот, инкишофи босуръати инфраструктураи тиҷорати, консепсияи талабот ва таклифҳо ва дар ин асос ташаккул ёфтани нархи тавозуни бозори кӯмак мерасонад.
ФАСЛИ I. НУҚТАҲОИ УМУМИ
1. Биржаи моли, ки минбаъд Биржа номида мешавад, бозори доимоамалкунандаи молҳои оммавиест, ки мувофиқи стандарту намунаҳо фурӯхта мешаванд ва ташкилоти тиҷоратиест, ки дар асоси мустақилияти хоҷаги амал мекунад.
Биржаи моли бо мақсади расонидани ёрии миёнарави барои бастани аҳдномаҳои хариду фурӯш, ба низом овардани савдои мол, танзими амалиёти тиҷорати ва ҳалли баҳсҳои тиҷорати, ҷамъ овардан ва нашр намудани маълумот оиди нархҳо, вазъи саноат, савдо, нақлиёт ва дигар омилҳое, ки ба динамикаи нарх таъсир мерасонанд, бунёд мегардад.
Биржа дорои ҳуқуқи шахси юридики буда, амволи махсус дорад, вай метавонад дар муассисаҳои бонк ҳисоби ҷори, асъори ва ғайра, муҳр бо сабти номаш дошта бошад.
2. Биржа дар асоси Қонуни мазкур, дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи он, ки дар асоси қонунҳои зикршуда таҳия мегардад, инчунин қоидаҳои савдои биржави амал мекунад.
3. Биржа дар асоси иттиҳоди ихтиёрии шахсони юридикию алоҳидаи ҳавасманди шӯрави ва хориҷи (минбаъд шахсони ҳавасманд), ки аз тарафи қонунҳои ҷори манъ карда нашудааст, ба вуҷуд меояд.
4. Биржа дар асоси принсипҳои ҷамъиятҳои саҳмдорон таъсис мегардад, ки одатан ба даст овардани фоидаро мақсади худ қарор намедиҳад.
5. Асоси бастани аҳднома дар Биржа моли нақд (реали) ва муоҳида (шартнома) барои молрасонии минбаъда, ки аз рӯи нархҳои озод фурӯхта мешаванд, ба ҳисоб меравад.
Дар биржа танҳо маркаҳои (навъҳои) ба қайд гирифташудаи молҳо фурӯхта мешаванд. Тартиби дар сексияҳои гуногуни Биржа ба муомилот қабул кардани молро қоидаҳои Биржа муайян мекунанд.
...