КОНСТИТУТСИЯИ (САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АЗ 6 НОЯБРИ СОЛИ 1994
Мо, халқи Тоҷикистон, қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон буда, худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ қарор дода, ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем.
Боби якум.
АСОСҲОИ СОХТОРИ КОНСТИТУТСИОНӢ
Моддаи 1.
Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тоҷикистон ҳаммаъноянд.
Моддаи 2.
Забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
Забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад.
Ҳамаи миллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд, аз забони модариашон озодона истифода кунанд.
Моддаи 3.
Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст.
Моддаи 4.
Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.
Моддаи 5.
Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд.
Моддаи 6.
Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.
Халқи Тоҷикистонро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд.
Ҳеҷ як иттиҳодияи ҷамъиятӣ, гурӯҳи одамон ва ё фарде ҳақ надорад, ки ҳокимияти давлатиро тасарруф намояд.
Ғасби ҳокимият вазнинтарин ҷиноят аст. Аз номи тамоми халқи Тоҷикистон фақат Президент ва Маҷлиси Олӣ ҳуқуқи сухан гуфтан доранд.
Моддаи 7.
Ҳудуди Тоҷикистон тақсимнашаванда ва дахлнопазир мебошад.
Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳаҳо иборат аст.
Соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистонро давлат таъмин менамояд. Тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, манъ аст.
Тартиби таъсис ва тағйири воҳидҳои марзиву маъмуриро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Моддаи 8.
Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад.
Ҳеҷ як мафкура, аз ҷумла мафкураи динӣ, ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад.
Иттиҳодияҳои ҷамъияти дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд. Давлат барои фаъолияти онҳо имкониятҳои баробар медиҳад.
Ташкилотҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд.
Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст.
Моддаи 9.
Ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд амалӣ мегардад.
Моддаи 10.
Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд. Агар қонунҳои ҷумҳурӣ ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофшуда мутобиқат накунанд, меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ амал мекунанд.
Қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, пас аз интишори расмӣ амал мекунанд.
Моддаи 11.
Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад
Ташвиқоти ҷанг манъ аст.
Тоҷикистон вобаста ба манфиатҳои олии халқ метавонад ба иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ дохил шавад, аз онҳо барояд, бо кишварҳои хориҷӣ робита намояд.
Давлат бо ҳамватанони берунмарзӣ ҳамкорӣ мекунад.
Моддаи 12.
Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад.
Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.
Моддаи 13.
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.
Боби дуюм.
ҲУҚУҚ, ОЗОДӢ, ВАЗИФАҲОИ АСОСИИ ИНСОН ВА ШАҲРВАНД
Моддаи 14.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд.
Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.
Моддаи 15.
Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
Мансубияти шаҳрванди Тоҷикистон ба шаҳрванди давлати дигар эътироф намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Тартиби ба шаҳрвандӣ қабул шудан ва аз он хориҷ гардиданро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Моддаи 16.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супурдан мумкин нест. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳал мешавад.
Шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбинӣ намудааст.
Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки гирифтори вайронкунии ҳуқуқи инсон гаштаанд, метавонад паноҳгоҳи сиёсӣ диҳад.
Моддаи 17.
Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад.
Мардон ва занон баробарҳуқуқанд.
Моддаи 18.
Ҳар кас ҳаққи зиндагӣ дорад.
Ҳеҷ кас аз ҳаёт маҳрум карда намешавад, ба истиснои ҳукми суд барои вазнинтарин ҷиноят.
Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.
Моддаи 19.
Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳақ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият ва беғараз баррасӣ намояд.
Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс, бадарға кардан мумкин нест. Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад.
Моддаи 20.
Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳгор дониста намешавад.
Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад.
Қонуне, ки баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад.
Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст.
Моддаи 21.
Ҳуқуқи ҷабрдидаро қонун ҳифз мекунад. Давлат ҳифзи судӣ ва ҷуброни зарарро барои ҷабрдида кафолат медиҳад.
Моддаи 22.
Манзили шахс дахлнопазир аст.
Ба манзили шахс зӯран даромадан ва касеро аз манзил маҳрум кардан манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муқаррар кардааст.
Моддаи 23.
Маҳрамияти мукотиба, сӯҳбатҳои телефонӣ, муросилот ва мухобироти шахс таъмин карда мешавад, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун нишон дода шудааст.
Дар бораи ҳаёти шахсии инсон бе розигии ӯ ҷамъ намудан, нигоҳ доштан, истифода ва паҳн кардани маълумот манъ аст.
Моддаи 24.
Шаҳрванд ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист, тарки ҷумҳурӣ ва бозгашт ба он ҳақ дорад.
Моддаи 25.
Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба ҳар кас имконияти пайдо намудан ва шинос шуданро ба ҳуҷҷатҳое, ки ба ҳуқуқ ва манфиати ӯ дахл доранд, таъмин намоянд, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муайян кардааст.
Моддаи 26.
Ҳар кас ҳақ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд.
Моддаи 27.
Шаҳрванд ҳақ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд.
Шаҳрвандон ба хидмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Шаҳрванд аз синни 18 ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан дорад.
Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд.
Интихобот ва раъйпурсӣ ба тарзи умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат мегирад.
Моддаи 28.
Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.
Моддаи 29.
Шаҳрванд ҳақ дорад, дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад.
Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.
Моддаи 30.
Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад.
Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.
Моддаи 31.
Шаҳрванд ҳақ дорад шахсан ва ё якҷоя бо дигарон ба мақомоти давлатӣ муроҷиат намояд.
Моддаи 32.
Ҳар кас ҳақ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад.
Ҳеҷ кас ҳақ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад.
Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад.
Моддаи 33.
Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад.
Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд.
Бисёрникоҳӣ манъ аст.
Моддаи 34.
Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат аст.
Волидон барои тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъмини волидон масъуланд.
Давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.
Моддаи 35.
Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳақ дорад. Музди кор аз ҳадди ақали музди меҳнат набояд кам бошад.
Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.
Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.
Моддаи 36.
Ҳар кас ба манзил ҳуқуқ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи сохтмони манзили давлатӣ, ҷамъиятӣ, кооперативӣ ва хусусӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 37.
Шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пулӣ, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароитҳои дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Моддаи 38.
Ҳар шахс ҳуқуқи ҳифзи саломатӣ дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи ёрии тиббии бепул дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлат, тадбирҳои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва туризм таъмин карда мешавад.
Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад.
Моддаи 39.
Ҳар шахс дар пиронсолӣ, ҳангоми беморӣ, маъюбӣ, гум кардани қобилияти кор, маҳрум шудан аз сарпараст ва мавридҳои дигаре, ки қонун муайян кардааст, кафолати таъмини иҷтимоӣ дорад.
Моддаи 40.
Ҳар шахс ҳақ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад.
Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад.
Моликияти ақлӣ дар ҳимояи қонун аст.
Моддаи 41.
Ҳар шахс ҳуқуқи таҳсил дорад. Таълими умумии асосӣ ҳатмист. Давлат таълими миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва мувофиқи қобилият дар асоси озмун таълими миёнаи махсус ва олии бепулро дар муассисаҳои таълимии давлатӣ кафолат медиҳад.
Шаклҳои дигари таълимро қонун муайян мекунад.
Моддаи 42.
Дар қаламрави Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.
Надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Моддаи 43.
Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст.
Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.
Моддаи 44.
Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Моддаи 45.
Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад.
Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити иқтисодии шаҳрвандро вазнин менамоянд, қувваи бозгашт надоранд.
Моддаи 46.
Ҳангоми таҳдиди бевосита ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, истиқлолияти давлат, тамомияти арзии он ва офатҳои табиӣ, ки дар натиҷаи он мақомоти конститутсионии ҷумҳурӣ наметавонад ба таври мӯътадил фаъолият намояд, ҳамчун тадбири муваққатӣ барои амнияти шаҳрвандон ва давлат вазъияти фавқулодда эълон мегардад.
Мӯҳлати вазъияти фавқулодда то се моҳ аст. Дар мавридҳои зарурӣ ин мӯҳлатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дароз намояд.
Моддаи 47.
Дар давраи вазъияти фавқулодда ҳуқуқ ва озодиҳое, ки дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия пешбинӣ шудааст, маҳдуд карда намешавад.
Дар давраи вазъияти фавқулодда Маҷлиси Олӣ пароканда намешавад.
Низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулоддаро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Боби сеюм.
МАҶЛИСИ ОЛӢ
Моддаи 48.
Маҷлиси Олӣ мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Маҷлиси Олӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешавад. Ба Маҷлиси Олӣ шаҳрванде интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам набошад.
Ташкил ва фаъолияти Маҷлиси Олиро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 49.
Салоҳияти Маҷлиси Олӣ:
1)қабулу тағйири қонун, қарорҳо ва бекор кардани онҳо;
2)тафсири Конститутсия ва қонунҳо;
3)муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ;
4)таъсиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;
5)таъйини раъйпурсӣ;
6)ба муҳокимаи халқ пешниҳод намудани лоиҳаи Қонунҳо ва дигар масъалаҳои муҳимми давлатию ҷамъиятӣ;
7)таъйини интихоботи Президенти ҷумҳурӣ;
8)таъйини интихобот ба мақомоти олӣ ва маҳаллии намояндагӣ;
9)ризоият ба ташкил ва барҳам додани вазорат ва кумитаҳои давлатӣ;
10)тасдиқи фармонхои Президент дар бораи таъйин ва озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои ҳукумат;
11) тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи таъйин ва озод намудани Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯ;
12)интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;
13)ризоият ба таъйин ва озод кардани Прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;
14)тасдиқи барномаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, иҷозати ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо;
15)тасдиқи буҷети давлатӣ, муайян кардани андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни он, назорати иҷрои буҷет, муайян намудани сиёсати андоз ва додугирифти қарзи давлатӣ;
16) муайян намудани низоми пулӣ;
17) муайян намудани сохт ва таъсису барҳам додани воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва тағйири онҳо. Дар мавридҳои зарурӣ бо ташаббуси худ ва бевосита тағйир додани ҳудуди воҳидҳои марзиву маъмурӣ;
18)тасдиқ ва бекор кардани шартномаҳои байналмилалӣ;
19)таъсиси судҳо;
20)тасдиқи фармонҳои Президент дар бораи ҳолати ҷанг, вазъияти фавқулодда;
21)таъсиси мукофотҳои давлатӣ;
22)муқаррар намудани рутбаҳои ҳарбӣ, дипломатӣ ва унвонҳои махсус;
23)тасдиқи рамзҳои давлатӣ;
24)эълони авфи умумӣ;
25)бекор кардани қарорҳои Раёсати Маҷлиси Олӣ ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва Қонунҳо;
26)амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва Қонунҳо муайян кардаанд.
Моддаи 50.
Шакли асосии фаъолияти Маҷлиси Олӣ иҷлосия аст.
Иҷлосияи Маҷлиси Олиро Раёсати Маҷлиси Олӣ соле на камтар аз ду бор даъват мекунад.
Иҷлосияи Маҷлиси Олӣ вақте сурат мегирад, ки дар он ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи вакилони халқ иштирок дошта бошанд.
Иҷлосияи якуми Маҷлиси Олиро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пас аз як моҳи интихоби вакилони халқ даъват менамояд.
Моддаи 51.
Барои ташкили кори Маҷлиси Олӣ ва амалӣ гардонидани ваколатҳое, ки Конститутсия ва Қонунҳо муайан кардаанд, Раёсати Маҷлиси Олӣ таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси Олӣ таъсис меёбад.
Ба ҳайати Раёсати Маҷлиси Олӣ Раиси Маҷлиси Олӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Маҷлиси Олӣ дохил мешаванд.
Маҷлиси Олӣ метавонад дигар вакилони халқро низ узви Раёсати Маҷлиси Олӣ интихоб намояд.
Моддаи 52.
Салоҳияти Раёсати Маҷлиси Олӣ:
1)даъвати Маҷлисӣ Олӣ;
2)тайёрии иҷлосияҳои Маҷлиси Олӣ;
3)мураттаб сохтани фаъолияти кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Маҷлиси Олӣ;
4)ташкили робитаҳои байнипарламентӣ;
5)роҳбарӣ ба нашрияҳои Маҷлиси Олӣ, таъйин ва озод кардани сармуҳаррирони онҳо;
6)ризоият ба таъйин ва бозхонди сарони намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои ҷумҳурӣ дар ташкилоти байналмилалӣ;
7)амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва Қонунҳо муайян намудаанд.
Раёсати Маҷлиси Олӣ дар доираи салоҳияти худ қарор қабул мекунад.
Моддаи 53.
Маҷлиси Олӣ аз байни вакилони халқ Раиси Маҷлиси Олӣ, муовини якуми Раис, муовинони Раис, раисони кумитаву комиссияҳои доимии Маҷлиси Олиро интихоб мекунад. Яке аз муовинони Раиси Маҷлиси Олӣ вакили халқ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Раиси Маҷлиси Олӣ бо овоздиҳии пинҳонӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони халқ интихоб мешавад.
Моддаи 54.
Салоҳияти Раиси Маҷлиси Олӣ:
1)ба кори мураттаб сохтани масъалаҳое, ки дар иҷлосия баррасӣ мешаванд, роҳбарӣ менамояд;
2)ба иҷлосия ва Раёсати Маҷлиси Олӣ раисӣ мекунад;
3)номзадии муовини якуми Раис, муовинони Раис, раисони кумитаву комиссияҳои доимии Маҷлиси Олиро пешниҳод менамояд;
4)ба қарори Маҷлиси Олӣ ва қарори Раёсати он имзо мегузорад;
5)Маҷлиси Олиро дар дохил ва хориҷи кишвар намояндагӣ мекунад;
6)ба созишномаҳои байнипарламентӣ имзо мегузорад;
7)ба дастгоҳи Маҷлиси Олӣ роҳбарӣ мекунад, амр медиҳад;
8)ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва Қонунҳо муайян намуданд, амалӣ мекунад.
Моддаи 55.
Муовини якум ва муовинони Раиси Маҷлисӣ Олӣ бо салоҳдиди Раиси Маҷлиси Олӣ вазифаҳои ҷудогонаи ӯро иҷро менамоянд.
Ҳангоми ҳузур надоштани Раис вазифаи ӯро муовини якум иҷро мекунад.
Моддаи 56.
Маҷлиси Олӣ барои тартиб додани лоиҳаи Қонунҳо, амалӣ намудани вазифаҳои назоратӣ, пешакӣ муҳокима ва тайёр кардани масъалаҳо аз ҷумлаи вакилони халқ кумита ва комиссияҳои доимӣ интихоб мекунад.
Маҷлиси Олӣ дар мавридҳои зарурӣ комиссияҳои тафтишу таҳқиқ ва комиссияҳои дигари муваққатӣ ташкил менамояд.
Моддаи 57.
Шахси мансабдор вазифадор аст, ки ба вакили халқ маълумоти барои фаъолияти намояндагиаш заруриро диҳад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Вакили халқ ҳақ дорад, фикри худро озодона изҳор намояд, мувофиқи ақидаи худ овоз диҳад.
Моддаи 58.
Вакили халқ, ки дар Маҷлиси Олӣ доимӣ кор мекунад, наметавонад вазифаи дигареро иҷро кунад, фаъолияти соҳибкорӣ намояд, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ.
Шаҳрванди Тоҷикистон дар як вақт вакили зиёда аз ду мақоми намояндагӣ буда наметавонад.
Моддаи 59.
Вакили халқ, ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе розигии Маҷлиси Олӣ ҳабс кардан, маҷбурӣ овардан, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан ва ҷазои маъмурӣ додан ба тарзи судӣ манъ аст. Вакили халқро бе розигии Маҷлиси Олӣ дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир шудани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.
Ваколати вакили халқ ҳангоми истеъфо, ғайри қобили амал донистани ӯ аз тарафи суд ва ё қарори асосноки Маҷлиси Олӣ қатъ мегардад.
Вазъи ҳуқуқии вакили халқро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Моддаи 60.
Вакили халқ, Президент, Ҳукумат, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ доранд.
Моддаи 61.
Қонуни Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси Олӣ бо тарафдории аксарияти шумораи умумии вакилони халқ қабул мегардад.
Қонунҳои конститутсионӣ бо тарафдории ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи шумораи умумии вакилони халқ қабул мешаванд.
Моддаи 62.
Қонунҳои Тоҷикистон барои имзо ба Президент пешниҳод мешаванд. Агар Президент бо қонун розӣ набошад, онро дар муддати понздаҳ рӯз бо далелу эродҳо ба Маҷлиси Олӣ бармегардонад. Агар Маҷлиси Олӣ қонуни қабулкардаашро аз нав бо тарафдории ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи вакилони халқ тасдиқ намояд, Президент ба он имзо мегузорад. Агар Президент дар мӯҳлати муқарраршуда қонунро барнагардонад, вазифадор аст ба он имзо гузорад.
Моддаи 63.
Маҷлиси Олӣ метавонад пеш аз мӯҳлат бо тарафдории ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи вакилони халқ ихтиёран пароканда шавад.
Дар ҳама ҳолат ваколати вакилони халқи Тоҷикистон дар рӯзи оғози иҷлосияи якуми даъвати нави Маҷлиси Олӣ қатъ мегардад.
Боби чаҳорум.
ПРЕЗИДЕНТ
Моддаи 64.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.
Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Моддаи 65.
Президентро шаҳрвандони Тоҷикистон ба тарзи умумӣ, мустақим, баробар ва овоздиҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб менамоянд.
Ҳар як шаҳрванди аз 35 то 65-сола, ки забони давлатиро медонад ва дар қаламрави Тоҷикистон ҳадди ақал 10 соли охир истиқомат дорад, метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад.
Шахсе ба номзадии Президент ба қайд гирифта мешавад, ки ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагон ба пешниҳоди номзадии ӯ имзо гузошта бошанд.
Як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад.
Моддаи 66.
Интихоботи Президент вақте боэътимод шумурда мешавад, ки дар он аз нисф зиёди интихобкунандагон ширкат варзида бошанд.
Номзаде Президент интихобшуда ҳисоб меёбад, ки ба тарафдории ӯ бештар аз нисфи интихобкунандагони ширкатварзида овоз дода бошанд.
Тартиби интихоби Президентро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 67.
Президент пеш аз шурӯъи вазифа дар Маҷлиси Олӣ савганд ёд мекунад:
«Ман, ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хидмат менамоям».
Ваколати Президент баъд аз савганд ёд кардани Президенти нав қатъ мегардад.
Моддаи 68.
Президент наметавонад вазифаи дигарро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад.
Маоши Президентро Маҷлиси Олӣ муайян мекунад.
Моддаи 69.
Салоҳияти Президент:
1) Тоҷикистонро дар дохили кишвар ва дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад;
2) вазоратҳо ва кумитаҳои давлатиро бо ризоияти Маҷлиси Олӣ таъсис ва барҳам медиҳад;
3) Сарвазир ва дигар аъзои ҳукуматро таъйин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлисӣ Олӣ пешниҳод менамояд;
4) Раиси Бонки миллӣ ва муовинони ӯро таъйин ва озод мекунад ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд;
5) дастгоҳи иҷроияи Президентро таъсис медиҳад;
6) Раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро таъйин ва озод мекунад ва ба тасдиқи Маҷлиси дахлдори вакилони халқ пешниҳод менамояд;
7) номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд;
8) бо ризоияти Маҷлиси Олӣ Прокурори генералӣ ва муовинони ӯро таъйин ва озод мекунад;
9) судяҳои суди ҳарбӣ, судҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди вазири адлия таъйин ва озод мекунад;
10) ихтиёрдор ва масъули сармояи захиравӣ буда, аз харҷи он ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад;
11) барои муайян намудани низоми пулӣ ба Маҷлиси Олӣ таклиф пешниҳод менамояд;
12) ба Қонунҳо имзо мегузорад;
13) санадҳои мақомоти идораи давлатиро ҳангоми мухолифати онҳо ба Конститутсия ва қонунҳо бекор мекунад ва ё бозмедорад;
14) ба татбиқи сиёсати хориҷӣ роҳбарӣ мекунад, қарордодҳои байналмилалиро имзо ва ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд;
15) сарони намояндагиҳои дипломатиро дар давлатҳои хориҷӣ, намояндаҳои ҷумҳуриро дар ташкилотҳои байналмилалӣ бо ризоияти Раёсати Маҷлиси Олӣ таъйин ва озод мекунад;
16) эътимодномаҳои сарони намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷиро қабул менамояд;
17) Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мебошад, фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъйин ва озод мекунад;
18) Ҳангоми таҳдиди хатари воқеӣ ба амнияти давлат ҳолати ҷангро эълон менамояд ва фармонро ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод мекунад;
19) дар саросари ҷумҳурӣ ва ё дар маҳалҳои алоҳидаи он вазъияти фавқулодда эълон намуда, фармонро фавран ба тасдиқи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд ва ба Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад;
20) Шӯрои амниятро таъсис ва роҳбарӣ мекунад;
21) паноҳгоҳи сиёсӣ медиҳад;
22) масъалаҳои шаҳрвандиро ҳал мекунад;
23) масъалаҳои бахшиши ҷазоро ҳал мекунад;
24) бо унвонҳои олии ҳарбӣ, махсус ва рутбаҳои дипломатӣ сарфароз мегардонад;
25) шаҳрвандонро бо ҷоизаҳои давлатӣ, нишонҳо ва унвонҳои ифтихории Тоҷикистон сарфароз мегардонад;
26) ваколатҳои дигареро, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 70.
Президент дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад ва амр медиҳад, дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олӣ маълумот медиҳад, масъалаҳоеро, ки заруру муҳим мешуморад, ба муҳокимаи Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.
Моддаи 71.
Ҳангоми вафот, истеъфо, озод шудан ва ғайри қобили амал донистани Президент вазифаи ӯ то ба вазифааш шурӯъ намудани Президенти нав ба зиммаи Раиси Маҷлиси Олӣ мегузарад. Дар ин маврид ваколати Раиси Маҷлиси Олӣ ба зиммаи муовини якуми ӯ мегузарад.
Дар ҳолатҳои зикршуда дар мӯҳлати се моҳ интихоботи Президент гузаронида мешавад.
Масъалаи пеш аз мӯхлат қатъ гардидани ваколати Президент бо тарафдории аксарияти вакилони халқ дар Маҷлиси Олӣ ҳал мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 72 пешбинӣ шудааст.
Моддаи 72.
Президент ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад.
Дар сурати савгандшиканӣ ва содир кардани ҷиноят Президентро Маҷлиси Олӣ бо назардошти хулосаи Суди конститутсионӣ ва Комиссияи махсуси Маҷлиси Олӣ бо тарафдории ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи вакилони халқ аз вазифа озод мекунад.
Масъалаи ба савгандшиканӣ ва содири ҷиноят айбдор кардани Президентро ҳадди ақал аз се як ҳиссаи вакилони халк ба миён мегузоранд. Дар чунин ҳолат раисии иҷлосияи махсуси Маҷлиси Олӣ ба ӯҳдаи Раиси Суди Олӣ гузошта мешавад. Вакилони халқ савганд ёд меқунанд, ки дар баррасии ин масъала аз рӯи виҷдон, қонун ва адолат амал мекунанд.
Баъди аз вазифа озод кардани Президент тафтиш давом мекунад, ба ӯ айбнома пешниҳод мегардад, парвандаи ӯ ба суд дода мешавад.
Боби панҷум.
ҲУКУМАТ
Моддаи 73.
Ҳукумати ҷумҳурӣ аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст.
Ҳукумат роҳбарии самараноки соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо, қарорҳои Маҷлиси Олӣ, фармону амрҳои Президенти Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Аъзои ҳукумат наметавонанд вазифаи дигареро иҷро намоянд, вакили мақомоти намояндагӣ бошанд, ба соҳибкорӣ машғул шаванд.
Моддаи 74.
Ҳукумат мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣ қарор мебарорад ва фармоиш медиҳад, ки иҷрои онҳо дар каламрави Тоҷикистон ҳатмист.
Ҳукумат ваколаташро дар назди Президенти нав интихобшуда вомегузорад.
Ҳукумат дар мавриди ғайри имкон донистани иҷрои фаъолияти мӯътадили худ, метавонад ба Президент аз хусуси истеъфо арз намояд. Ҳар як узви ҳукумат ҳуқуқи истеъфо дорад.
Тартиби ташкил, фаъолият ва салоҳияти ҳукуматро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 75.
Ҳукумат барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсати додугирифти қарзи давлатӣ ва ёрии иқтисодӣ ба дигар давлатҳо, лоиҳаи буҷети давлатӣ, масъалаи андозаи имконпазири касри буҷети давлатӣ ва манбаи ҷуброни онро ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод менамояд.
Боби шашум.
ҲОКИМИЯТИ МАҲАЛЛӢ
Моддаи 76.
Ҳокимияти маҳаллӣ аз мақомоти намояндагӣ ва иҷроия иборат буда, дар доираи салоҳияти худ амал мекунад. Онҳо иҷрои Конститутсия, қонунҳо, санадҳои Маҷлиси Олӣ ва Президентро таъмин менамоянд.
Моддаи 77.
Мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар вилоят, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси вакилони халқ аст, ки онро раис роҳбарӣ мекунад. Вакилони Маҷлиси маҳаллӣ ба мӯҳлати 5 сол интихоб мешаванд.
Маҷлиси маҳаллӣ буҷети маҳаллӣ ва ҳисоботи иҷрои онро тасдиқ мекунад, роҳҳои инкишофи иқтисодиву иҷтимоии маҳалро муайян менамояд, андоз ва пардохти маҳаллиро мувофиқи қонун муқаррар мекунад, дар доираи қонун тарзи идора ва ихтиёрдории моликияти коммуналиро муайян менамояд ва ваколатҳои дигареро амалӣ месозад, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Моддаи 78.
Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал намояндаи Президент - раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия амалӣ мегардонад.
Мақомоти намояндагӣ ва иҷроияро дар воҳидҳои маъмурию марзӣ раис сарварӣ мекунад.
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро Президент таъин ва озод мекунад ва ба тасдиқи маҷлиси вакилони халқи дахлдор пешниҳод менамояд.
Раис дар назди мақомоти болоӣ ва Маҷлиси вакилони халқи дахлдор масъул аст.
Мақоми худидоракунии шаҳраку деҳа ҷамоат аст.
Тартиби ташкил, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ҳокимияти маҳаллиро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд.
Моддаи 79.
Мақомоти намояндагӣ ва Раис дар доираи салоҳияти худ санадҳои ҳуқуқӣ қабул мекунанд, ки иҷрояшон дар он қаламрав ҳатмист.
Дар сурати бо Конститутсия ва қонун мувофиқат накардани санадҳои мақомоти намояндагӣ ва Раис онҳо аз тарафи мақомоти болоӣ ва ё суд бекор карда мешаванд.
Моддаи 80.
Дар сурати талаботи Конститутсия ва қонунро мунтазам иҷро накардани Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия Маҷлиси Олӣ метавонад онро пароканда карда ва интихоботи нав таъйин намояд.
Боби ҳафтум.
ВИЛОЯТИ МУХТОРИ ҚӮҲИСТОНИ БАДАХШОН
Моддаи 81.
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қисми таркибӣ ва ҷудонопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бе ризоияти Маҷлиси вакилони халқи вилоят тағйир дода намешавад.
Моддаи 82.
Вакилони халқи Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мувофиқи меъёри муқарраркардаи қонун сарфи назар аз шумораи аҳолиаш, интихоб мешаванд.
Моддаи 83.
Салоҳияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соҳаи иҷтимоиёт, иқтисод, фарҳанг ва ваколатҳои дигари вилоятро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Боби ҳаштум.
СУД
Моддаи 84.
Ҳокимияти судӣ мустақил буда, ҳуқуқ ва озодии шахс, манфиати давлат, созмону муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд.
Адолати судиро Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия амалӣ мекунанд.
Тарзи ташкил ва фаъолияти судро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Мӯҳлати ваколати судяҳо 5 сол аст.
Ташкили суди фавқулодда манъ аст.
Моддаи 85.
Ба вазифаи судяҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, суди вилоят ва шаҳри Душанбе ҳуқуқшиносе интихоб ва таъин мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 60 зиёд набошад, ҳадди ақал 5 сол собиқаи кории судягӣ дошта бошад.
Ба вазифаи суди шаҳр ва ноҳия шахсе таъин мешавад, ки синни ӯ аз 25 кам ва аз 60 зиёд набошад, ҳадди ақал 3 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.
Моддаи 86.
Судяҳои суди ҳарбӣ, судяҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияро бо пешниҳоди вазири адлия Президент таъйин ва озод мекунад.
Моддаи 87.
Судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.
Моддаи 88.
Судяҳо парвандаҳоро ба таври дастҷамъӣ ва ё танҳо баррасӣ мекунанд.
Мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад.
Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.
Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд.
Моддаи 89.
Суди конститутсионӣ аз 7 нафар иборат буда, яке аз онҳо намояндаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад.
Ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ ҳуқуқшиносе интихоб мешавад, ки синни ӯ аз 30 кам ва аз 60 зиёд набошад ва беш аз 10 сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад.
Салоҳияти Суди конститутсионӣ:
1) муайян намудани мувофиқати қонунҳо, санадҳои ҳуқуқии Маҷлиси Олӣ, Президент, Ҳукумат, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва дигар мақомоти давлатию ҷамъиятӣ, қарордодҳои ба қувваи қонун надаромадаи Тоҷикистон ба Конститутсия;
2) ҳалли баҳсҳои байни мақомоти давлатӣ доир ба салоҳияти онҳо;
3) иҷрои ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.
Қарори Суди конститутсионӣ қатъист.
Моддаи 90.
Судя наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул гардад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
Моддаи 91.
Судя ҳуқуқи дахлнопазирӣ дорад. Ӯро бе ризоияти мақомоте, ки интихоб ё таъин кардааст, ҳабс кардан ва ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидан мумкин нест. Судяро дастгир кардан мумкин нест, ба истиснои дастгир кардани ӯ ҳангоми содири ҷиноят.
Моддаи 92.
Ёрии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад.
Тарзи ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Боби нӯҳум.
ПРОКУРАТУРА
Моддаи 93.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳоро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд.
Моддаи 94.
Низоми ягонаи марказонидашудаи прокуратураи Тоҷикистонро Прокурори генералӣ сарварӣ мекунад. Прокурори генералӣ дар назди Маҷлиси Олӣ ва Президент масъул аст.
Моддаи 95.
Прокурори генералии Тоҷикистон ба мӯҳлати 5 сол таъин мешавад. Прокурори генералӣ прокурорҳои тобеи худро таъин ва озод мекунад. Мӯҳлати ваколати прокурорҳо 5 сол аст.
Фаъолият, салоҳият ва сохтори мақомоти прокуратураро қонуни конститутсионӣ танзим мекунад.
Моддаи 96.
Прокурори генералӣ ва прокурорҳои тобеи он бе дахолати дигар мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мустақилона дар асоси қонун фаъолият мекунанд.
Моддаи 97.
Прокурор наметавонад вазифаи дигареро иҷро намояд, вакили мақомоти намояндагӣ, узви ҳизб ва созмонҳои сиёсӣ бошад, ба соҳибкорӣ машғул шавад, ба истиснои фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ.
Боби даҳум.
ТАРТИБИ ТАҒЙИРИ КОНСТИТУТСИЯ
Моддаи 98.
Тағйиру иловаҳои Конститутсия бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ сурат мегирад.
Раъйпурсӣ бо тарафдории аз се ду ҳиссаи вакилони халқ баргузор мегардад.
Тартиби раъйпурсиро қонуни конститутсионӣ муайян мекунад.
Моддаи 99.
Тағйиру иловаҳоро ба Конститутсия Президент ё ҳадди ақал аз се ду ҳиссаи вакилони халқи Тоҷикистон пешниҳод мекунанд.
Пешниҳоду тағйиру иловаҳои Конститутсия се моҳ пеш аз раъйпурсӣ дар матбуот чоп мешавад.
Моддаи 100
Шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазиранд.