ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи меъёрҳои маблағҷудокунӣ ба фондҳои захиравии (эҳтиётии) суғуртавӣ ва захираи бо маблағ таъмин намудани тадбирҳои пешгирикунӣ аз даромади шахсиятҳои ҳуқуқие, ки ба фаъолияти суғуртавӣ машғул мебошанд
Ба мақсади иҷрои муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи суғурта", Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Меъёрҳои маблағҷудокуни аз даромадҳои (пардохтҳи суғуртави ва ҳаққи суғуртавии) намудҳои суғуртаи ихтиёри ба фондҳои захиравии (эҳтиётии) суғуртави ва захираҳои бо маблағ таъмин намудани тадбирҳои пешгирикуни мувофиқи замима тасдиқ карда шаванд.
2. Муқаррар гардад, ки маблағҷудокуни аз дигар даромадҳои шахсиятҳои ҳуқуқие, ки бо фаъолияти суғуртави машғуланд, ба андозаҳои зайл сурат мегирад:
ба фондҳои захиравии (эҳтиётии) суғуртави - 10 фоиз;
ба захираи бо маблағ таъмин намудани тадбирҳои пешгирикуни - 5 фоиз.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
аз 1 июли соли 1999 № 253
ш.Душанбе
аз 1 июли соли 1999 № 253
ш.Душанбе
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 1999 № 253
...