Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 № 142 "Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ"

Санаи амалкуни: 01.08.2012

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 395)

(Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 395)

Бо мақсади таъмини иҷрои кафолати давлатӣ ба хизматчиёни давлатӣ, ки бо банди 6 қисми якуми моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи хизмати давлатӣ" муқаррар шудааст Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Гузаронидани суғуртаи ҳатмии давлатии хизматчиёни давлатӣ дар ҳолатҳои беморӣ ё гум кардани қобилияти мехнатӣ, ҳалокшавӣ ё расонидани зарар ба саломатӣ ва амволи ӯ вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои меҳнатии вай ба зиммаи Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон гузошта шавад.

2. Маблағи суғуртавӣ ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи хизматчии давлатӣ муқаррар карда шавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 395).

3. Банди 3 бекор шудааст (қарори Ҳукумати ҶТ аз 30.12.05 №499).

4. Аз пардохтҳои суғуртавии воридгардида ба мақсадҳои зайл маблағ гузаронида мешавад:

барои пардохти пули суғурта - 92 фоиз;

барои ғанӣ гардонидани фонди захиравӣ - 5 фоиз;

барои коргузории ташкилоти суғурта - 3 фоиз.

Маблағи сарфнашудае, ки барои пардохти пули суғурта муқаррар шудаанд, ба буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон 70 фоиз ва ба фонди захиравии Ширкати давлатии суғуртаи Тоҷикистон 30 фоиз гузаронида мешавад.

5. Маблағи суғурта дар чунин ҳолатҳо ва ба андозаҳои зайл пардохта мешавад (Қарори Ҳукумати ҶТ аз 01.08.2012 № 395):

...

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

Об обязательном государственном страховании государственных служащих

(в редакции Пост.Правительства РТ от 01.08.2012г.№395)

(в редакции Пост.Правительства РТ от 01.08.2012г.№395)

В целях обеспечения выполнения государственной гарантии государственным служащим, установленной пунктом 6 части первой статьи 25 Закона Республики Таджикистан "О государственной службе" Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Возложить проведение обязательного государственного страхования государственных служащих на случай заболевания или потери трудоспособности, гибели или причинения вреда здоровью, а также его имуществу в связи с исполнением им должностных обязанностей на Таджикскую государственную страховую компанию.

2. Страховую сумму установить в размере восьмимесячной заработной платы государственного служащего (в редакции Пост.Правительства РТ от 01.08.2012г.№395).

3. Ставку страхового платежа установить в размере 5 процентов от годового фонда оплаты труда государственного органа.

Государственный орган уплачивает страховые платежи за счет расходов, предусмотренных в соответствующем бюджете на содержание органов государственного управления.

Срок уплаты страховых платежей установить до 1 марта ежегодно.

4. От поступивших страховых платежей производятся следующие целевые отчисления:

на выплату страховых сумм - 92 процента;

на пополнение резервного фонда - 5 процентов;

на ведение дела страховой организации - 3 процента.

Неизрасходованная сумма, предназначенная для выплаты страховых сумм, направляются 70 процентов в республиканский бюджет Республики Таджикистан и 30 процентов в запасный фонд Таджикской государственной страховой компании.

...