Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2007 № 29 "Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Бе эътибор дониста шуд

Бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.02.2017 № 1378 аз эътибор соқит дониста шуд.

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БОБИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1.

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътирофи хизматҳояшон дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иқтисодиёт, илм, фарҳанг, адабиёт, санъат, ҳифзи Ватан, барои корнамоиҳои меҳнатӣ ва ҷангӣ, фаъолияти босамари давлатӣ, ҷамъиятӣ ва эҷодӣ ба манфиати ҷомеа, бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, шаҳрвандони хориҷӣ, инчунин шахсони бешаҳрвандеро, ки дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои шоён доранд сарфароз гардонидан мумкин аст.

Моддаи 2.

Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад. Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоянд:

1. Мукофоти олӣ- унвони Қаҳрамони Тоҷикистон

2. Орденҳои:

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи II

Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III

Зарринтоҷ дараҷаи I

...

Утратило силу в редакции Закона РТ от 24.02.2017г. №1378

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О государственных наградах Республики Таджикистан

ГЛАВА I Общие положения

Статья 1

Граждане Республики Таджикистан награждаются государственными наградами в знак признания их заслуг перед Республикой Таджикистан в экономике, науке, культуре, литературе, искусстве, защите Отечества, за трудовые и ратные подвиги, плодотворную государственную, общественную и творческую деятельность на благо общества.

Государственных наград Республики Таджикистан, предусмотренных настоящим Законом, могут быть удостоены и иностранные граждане, а также лица без гражданства, имеющие заслуги перед Республикой Таджикистан.

Статья 2

Государственные награды Республики Таджикистан утверждаются Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

Государственными наградами Республики Таджикистан являются:

1. Высшая награда - звание "Қаҳрамони Тоҷикистон".

2. Ордена:

"Ситораи Президенти Тоҷикистон" I степени

"Ситораи Президенти Тоҷикистон" II степени

"Ситораи Президенти Тоҷикистон" III степени

...