Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 № 31 "Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАГЙИРОТУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН "ДАР БОРАИ ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН"

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 11 декабри соли 1999 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 12, моддаи 348) тағйироту иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Аз қисми якуми моддаи 1 ва моддаи 2, банди "3" моддаи 3, сарлавҳаи боби III, қисми якуми моддаи 16 калимаи "тасвиб" хориҷ карда шавад.

2. Зербанди "а)" банди 3 моддаи 3 дар таҳрири зерин баён карда шавад:

"а) "тасдиқ - тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаҳои байналмилали, ки аз тарафи намояндаи ваколатдори он ба имзо расидааст ва тарзи изҳори ризоияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳатми будани шартномаҳои байналмилали, ки воҷиби тасдиқи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон набуда, ба ҷуз имзокуни тарзи дигари тасдиқи иловагии онро пешбини мекунад;".

3. Дар зербанди "а" банди "3" моддаи 3 ба ҷои калимаи "тасвиб" калимаи "тасдиқ" навишта шавад.

4. Зербанди "в" аз банди 3 моддаи 3 хориҷ карда шавад.

5. Зербанди "г" банди 3 моддаи 3 зербанди "в" ҳисобида шавад.

6. Азбаски матнҳои тоҷики ва русии қисми аввали моддаи 6 Қонуни мазкур ба ҳам номувофиқанд ва дар онҳо амалҳои гуногуни ҳуқуқи нисбати шаклҳои мухталифи шартномаҳо ба ҳам омехта шудаанд, қисми ёдшуда дар таҳлили зайл баён карда шавад:

"Қарорҳо оид ба гузаронидани гуфтушунидҳо дар хусуси бастан ва дар бораи имзокунии шартномаҳои байналмилалие, ки аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста мешаванд ва инчунин қарорҳо дар бораи додани ваколат ба гузаронидани гуфтушунид ва имзои онҳо мувофиқан аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд".

7. Дар моддаҳои 7, 9, 10, 11, 13, 21, 25 калимаҳои "тасвиб", "тасвиби", "тасвибнома", "тасвибномаро", "тасвибномаҳо", "тасвибшуда", "тасвибшудаи" мутобиқан ба калимаҳои "тасдиқ", "тасдиқи", "тасдиқнома", "тасдиқномаро", "тасдиқномаҳо", "тасдиқшуда", "тасдиқшудаи" иваз карда шаванд.

8. Моддаи 8 ба таври зерин навишта шавад:

Моддаи 8. Шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

...

ЗАКОН РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан"

Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан постановляет:

Внести в Закон Республики Таджикистан "О международных договорах Республики Таджикистан> от 11 декабря 1999 года (Ахбори Маджлиси Оли Республики Таджикистан,1999г., №12. статья 348) следующие изменения и дополнения:

1.Из части первой статьи 1 и статьи 2. пункта 3 статьи 3.заглавия главы III, части первой статьи 16 текста на таджикском языке исключить слово "тасвиб".

2.Подпункт "а" пункта 3 статьи 3 изложить в следующей редакции:

"а) "ратификация"- способ выражения согласия Республики Таджикистан в Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан на обязательность международного договора, подписанного ее полномочным представителем и способ выражения согласия Республики Таджикистан на обязательность международного договора, не подлежащего ратификации, но предусматривающего иной способ дополнительного одобрения помимо его подписания".

3.В подпункте "а" пункта 3 статьи 3 текста на таджикском языке слово "тасвиб" заменить словом "тасди?"

4. Подпункт "в" из пункта 3 статьи 3 исключить.

5. Подпункт "г" пункта 3 статьи 3 считать подпунктом "в".

6. Из-за несоответствия текстов на таджикском и русском языках первой части статьи 6 настоящего Закона и смешения в них различных правовых действий по различным видам договоров, указанную часть изложить в следующей редакции:

"Решения о проведении переговоров о заключении и о подписании международных договоров от имени Республики Таджикистан и Правительства Республики Таджикистан, а также решения о предоставлении полномочий на проведение переговоров и их подписание принимаются соответственно Президентом Республики Таджикистан и Правительством Республики Таджикистан."

7.В статьях 7,9,10,11,13,21,25 текста на таджикском языке слова "тасвиб","тасвиби","тасвибнома","тасвибномаро","тасвибномаҳо","тасвибшуда","тасвибшудаи" заменить словами "тасдиқ", "тасдиқи", "тасдиқнома", "тасдиқномаро", "тасдиқномаҳо", "тасдиқшуда", "тасдиқшудаи".

8. Статью 8 изложить в следующей редакции:

Статья 8. Международжные договоры Республики Таджикистан, ратифицируемые Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли Республики Таджикистан.

...