Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
15-уми апрели соли 2026-ум, №1407
ба қайди давлатӣ гирифта шудааст
АГЕНТИИ ИННОВАТСИЯ ВА ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
Дар бораи ворид намудани илова ба фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2024, №1/32
030.130.000.
180.180.040.
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,:
ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:
1. Ба Тартиби татбиқи лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ, ки бо фармоиши директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 августи соли 2024, №1/32 «Дар бораи муқаррар кардани реҷаи махсуси танзимӣ оид ба амалисозии лоиҳаи озмоишӣ дар соҳаи фаъолияти букмекерӣ» тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 августи соли 2024, №1296 ба қайд гирифта шудааст, банди 56 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«56. Иштирокдори реҷаи махсуси танзимӣ, ки бозиҳоро берун аз Низоми ягонаи МИП ташкил мекунад ва ё шартпулиҳоро бо вайрон кардани талаботи муқарраршуда қабул менамояд, уҳдадор аст маблағи таъминотиро, ки шарти ҳатмии шартнома байни ташкилкунандагони фаъолияти букмекерӣ ва иштирокдорони бозӣ мебошад, тибқи шартҳои шартнома ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт намояд.».
...