ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар хусуси лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002
Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:
1.Лоиҳаи Протокол дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 маъқул дониста шавад.
2.Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли имзои Протоколи мазкурро бо Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай мувофиқа намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 29 августи соли 2026, № 1222
Лоиҳа
ПРОТОКОЛ дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002
Мутобиқи моддаи 23 Хартияи Созмони ҳамкории Шанхай аз 7 июни соли 2002 (минбаъд - Хартия) давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба мувофиқаи зерин расиданд:
Моддаи 1
Моддаи 4 Хартия дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Барои иҷро намудани ҳадаф ва вазифаҳои Хартияи мазкур дар чорчӯби Созмон амал менамоянд:
...