Тартиби барқарор ва такроран додани аломатҳои қайди давлатӣ аз 27 ноябри соли 2025, №829 б/з

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

21-уми январи соли 2026-ум, № 1391 ба қайди давлатӣ

гирифта шудааст

Замимаи
ба фармоиши вазири корҳои дохилии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 27 ноябри соли 2025, №829 б/з

Тартиби барқарор ва такроран додани аломатҳои қайди давлатӣ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1.Тартиби барқарор ва такроран додани аломатҳои қайди давлатӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) дар асоси сархати сеюми банди 74 Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми октябри соли 1999-ум, № 441 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, тартиби барқарор ва такроран додани аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиётро муқаррар менамояд.

2.Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода бурда мешаванд:

- барқарор намудани аломатҳои бақайдгирии давлатии супоридашуда, мусодирашуда ва дарёфтшуда, ки нобуд сохта шудаанд, инчунин аломатҳои бақайдгирии гумшуда ё дуздидашудаи воситаҳои нақлиёт – ин хулосаи шуъбаи назорати бахшҳои бақайдгирию имтиҳонотӣ ва истеҳсоли рақамҳои бақайдгирии давлатии Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - ШНББИ ва ИРБД-и РБДА-и ВКД ҶТ) ё шуъбаи бақайдгирию имтиҳонотии Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ (минбаъд - ШБИ РБДА) (барои аломатҳои бақайдгирии давлатии бевосита аз ҷониби шуъбачаи бақайдгирии ШБИ РБДА нобуд сохта шудаанд) дар бораи қонеъ кардани ариза (муроҷиат)-и соҳиби воситаи нақлиёт оид ба барқарор намудани аломати қайди давлатӣ ва дар ин бора хабардор намудани ШБИ РБДА, воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии ШБДА раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин пас аз пардохти хироҷ барои барқарор намудани аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт, пардохти хизматрасониҳои Бозрасии давлатии автомобилӣ (минбаъд - БДА) ва хароҷотҳо вобаста ба барқарор намудани аломатҳои бақайдгирии давлатӣ, ҷойгир намудани супориш оид ба истеҳсоли нусхаҳои дуюми онҳо;

- такроран додани аломати бақайдгирии давлатии аз ҳисоб бароварда шуда – амалҳои БДА оид ба ҳисоби дахлдор дохил кардани аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт, ки аз ҳисоб бароварда шудаанд ва такроран додани онҳо пас аз пардохти хироҷ барои барқарор намудани аломатҳои бақайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт ба андозаи 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва пардохти хизматрасониҳои БДА;

- соҳиби воситаи нақлиёт - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки молики воситаи нақлиёт мебошад ё воситаи нақлиётро мувофиқи асноде, ки дар банди 23 Тартиби ба қайд ва ба ҳисоб гирифтани воситаҳои нақлиёт, инчунин ба онҳо додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва рақамҳои бақайдгирии давлатӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми октябри соли 1999-ум, № 441 тасдиқ шудааст ва дигар асосҳои қонунӣ соҳибӣ ё ин ки ихтиёрдорӣ мекунад.

3.Соҳибони воситаҳои нақлиёт барои барқарор ва такроран додани аломатҳои бақайдгирии супоридашуда, мусодирашуда, дарёфтшуда, ки нобуд сохта шудаанд ва аломатҳои бақайдгирии гумшуда ё дуздидашуда, инчунин аломатҳои бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, ки аз ҳисоб бароварда шудаанд, пас аз барқарор ё ба ҳисоби дахлдор дохил карда шудаанд, бо ариза ба воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии БДА ё ШНББИ ва ИРБД РБДА ВКД ҶТ муроҷиат намояд. Пардохт барои амалиётҳои мазкур ба қисми даромадҳои буҷети дахлдор (ноҳиявӣ ё шаҳрӣ) бо воситаи кормандони ШБИ РБДА ВКД ҶТ, воҳидҳои бақайдигирию имтиҳонотии БДА раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, минтақа ва ноҳияи Рашт, мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо тавассути барномаи «Пардохти ҳушманд» (Smartpay) бевосита пардохт карда мешаванд.

...

Зарегистрировано в Министерстве юстиции

Республики Таджикистан 17  января 2026 года, № 1391  

Приложение к распоряжению
министра внутренних дел
Республики Таджикистан
от 27 декабря 2025 года, № 829 б/з

Порядок восстановления и повторной выдачи государственных регистрационных знаков

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Порядок восстановления и повторной выдачи государственных регистрационных знаков (далее – настоящий Порядок) разработан на основании третьего абзаца пункта 74 Порядка регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года №441 и определяет порядок восстановления и повторной выдачи государственных регистрационных знаков транспортных средств.

2. Основные понятия, используемые в настоящем Порядке:

- восстановление сданных, конфискованных и найденных государственных номерных знаков, которые уничтожены, а также утерянных и украденных государственных номерных знаков транспортных средств – это заключение Отдел контроля за регистрационно-экзаменационными подразделениями и производством государственных регистрационных номеров Управления государственной автомобильной инспекции Министерства внутренних дел Республики Таджикистан (далее – ОКРЭП и ПГРН УГАИ МВД РТ)  или регистрационно-экзаменационного отдела управления государственной автомобильной инспекции (далее – РЭО УГАИ) (в отношении сданных, конфискованных и найденных государственных регистрационных знаков, уничтоженных непосредственно регистрационным отделением РЭО УГАИ) об удовлетворения заявления (обращения) владельца транспортного средства о восстановлении государственного регистрационного знака и уведомления об этом РЭО УГАИ, регистрационно-экзаменационных подразделений УГАИ, управлений Министерства внутренних дел в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, Раштском группе районов, органов Министерства внутренних дел в городах и районах, также после уплаты сбора за восстановление государственных регистрационных знаков транспортных средств, оплаты услуг Государственной автомобильной инспекции (далее - ГАИ) и расходов, связанных с изготовлением дубликатов, разместить заказ на их производство.

- повторная выдача снятых с учета государственных номерных знаков — действия ГАИ по постановке на соответствующий учет государственных регистрационных знаков, снятых с учета, и их повторная выдача после уплаты сбора за восстановление государственных номерных знаков транспортных средств в размере 20 показателей для расчетов и оплаты услуг ГАИ.

- владелец транспортного средства — физическое или юридическое лицо, являющееся собственником транспортного средства либо владеющее, пользующееся или распоряжающееся транспортным средством в соответствии с пунктом 23 Порядка регистрации и учета транспортных средств, а также выдачи на них регистрационного свидетельства и государственных регистрационных номеров, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 23 октября 1999 года, №441 и на иных законных основаниях.

3. Владельцы транспортных средств за восстановление сданных, конфискованных, найденных регистрационных знаков транспортных средств, которые были уничтожены, утерянных или похищенных, а также регистрационных знаков транспортных средств, снятых с учета после их восстановления или постановки на соответствующий учет, обращаются с заявлением в регистрационно-экзаменационные подразделения ГАИ или ОКРЭП и ПГРН УГАИ МВД РТ. Оплата за данные действия уплачиваются  в доходную часть соответствующих (районных или городских) бюджетов через сотрудников РЭО УГАИ МВД РТ, регистрационно-экзаменационных подразделений ГАИ управлений Министерства внутренних дел в Горно-Бадахшанской автономной области, областях, городе Душанбе, Раштском группе районов, органов Министерства внутренних дел в городах и районах непосредственно через программу «Плата SmartPay».

Примечание: в случае утери одного регистрационного номера транспортного средства владелец оплачивает только стоимость продукции производителя для одного регистрационного номера.

...