Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 аз 1 июли соли 2026, № 443

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 1 июли соли 2026, № 443

Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 (минбаъд – Барнома) бо мақсади муҳайё сохтани шароити мусоидтар ва мустаҳкам намудани заминаи рушди устувори соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ, таъмин намудани талаботи бозори дохилӣ бо маҳсулоти абрешимии ватанӣ, инчунин баланд бардоштани қобилияти содиротии маҳсулоти дорои арзиши иловашуда таҳия гардидааст.

2.Барнома дар доираи ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026–2030 ва инчунин таъмини шуғли аҳолӣ масъалаҳои вобаста ба амалинамоии воситаҳои ташвиқ доир ба ҷалби сармоягузориҳои мустақими дохилӣ ва хориҷӣ баҳри рушди минбаъдаи соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилларо дар ҷумҳурӣ ба танзим медарорад.

3.Дар Барнома дар баробари амалигардонии вазифаҳои миллии Тоҷикистон (беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳифзи саломатии миллат, таъмини амнияти иқтисодии давлат, нигоҳ доштани суръати баланди истеҳсолот ва таҳкимбахшии иқтидори минбаъдаи иқтисодиёти кишвар) иҷрои маҷмуи тадбирҳо ҷиҳати ташвиқу ҳавасмандгардонии кирмакпарварон, таъмини коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ дар дохили кишвар, ки барои пешрафти соҳаи саноати сабук ва афзоиши саҳми содироти маҳсулоти тайёр замина муҳайё месозад, пешбинӣ гардидааст.

4.Барнома барои густариши ҳамкориҳо бо шарикони рушд, донорҳо, ташкилотҳои байналмилалии марбут ба соҳа ва бахши хусусӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар низоми коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ тавассути дастгирии молиявӣ, кумаки техникӣ ва мубодилаи таҷрибаву афкори мутахассисон амалӣ менамоянд, мусоидат менамояд.

2.ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ КУНУНИИ СОҲАҲОИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА

5. Соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз соҳаҳои анъанавии иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дорои таърихи бой мебошанд. Бо дар назар доштани шароити иқлимӣ ва заминсозии мусоид дар ҷумҳурӣ барои парвариши кирмак ва истеҳсоли пилла имконияти васеъ мавҷуд мебошад.

6. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, як қатор имтиёзҳоро фароҳам овардааст. Бо мақсади рушди соҳа, ҷалби сармоягузориҳо, ташкили корхонаҳои нав ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот қитъаҳои замини тутзор, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин ва андозҳо озод карда шуданд (Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2022, №1867).

7. Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2011, №409 Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020, №388 Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла барои солҳои 2020-2024 амалӣ гардиданд.

8. Ҷиҳати таҳкими заминаи хӯроки кирмак дар доираи амалишавии Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар ҷумҳурӣ 2,3 миллион бех ниҳоли тути серҳосили ба иқлими кишвар тобовар аз хориҷи кишвар ворид ва шинонида шуда, дар ин радиф дар 37 гектар қитъаи замин тутзорҳо бунёд гардидаанд.

...


Приложение 1
к постановлению Правительства
Республики Таджикистан
от «1» июля 2026 года, №443

Программа развития отраслей шелководства и переработки коконов в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Программа развития отраслей шелководства и переработки коконов в Республике Таджикистан на 2026-2030 годы (далее - Программа) разработана с целью создания более благоприятных условий и укрепления основ устойчивого развития отраслей шелководства и переработки коконов с использованием местного сырья, обеспечения внутреннего рынка отечественной шёлковой продукцией, а также повышения экспортного потенциала продукции с добавленной стоимостью.

2. Программа регулирует в рамках целей Национальной стратегии развития Республики Таджикистан на период до 2030 года. Программы среднесрочного развития Республики Таджикистан на 2026-2030 годы, а также обеспечения занятости населения вопросы, связанные с реализацией мер по привлечению прямых внутренних и зарубежных инвестиций в целях дальнейшего развития отрасли шелководства и переработки коконов в республике.

3. В Программе наряду с реализацией национальных задач Таджикистана (улучшение уровня жизни населения, охрана здоровья нации, обеспечение экономической безопасности государства, поддержание высоких темпов производства и укрепление дальнейшего экономического потенциала страны) предусмотрено выполнение комплекса мероприятий по стимулированию и поощрению шелководов, обеспечению полной переработки местного сырья внутри страны, что создаёт основу для развития лёгкой промышленности и увеличения доли экспорта готовой продукции.

4. Программа содействует расширению сотрудничества с партнёрами по развитию, донорами, международными организациями, связанными с отраслью, и частным сектором, осуществляющими деятельность в Республике Таджикистан в системе полной переработки местного сырья посредством финансовой поддержки, технической помощи и обмена опытом и экспертными знаниями.

2. АНАЛИЗ ТЕКУЩЕГО СОСТОЯНИЯ ОТРАСЛЕЙ ШЕКОВОДСТВА И ПЕРЕРАБОТКИ КОКОНОВ

5. Отрасли шелководства и переработки коконов являются одними из традиционных отраслей экономики Таджикистана и имеют богатую историю. В республике с учётом благоприятных климатических и почвенных условий существуют широкие возможности для разведения шелкопряда и производства коконов.

6. В период независимости страны Правительство Республики Таджикистан проявило серьёзное внимание к развитию отрасли шелководства и переработки коконов и предоставило ряд льгот. В целях развития отрасли, привлечения инвестиций, создания новых предприятий и увеличения объёма производства продукции земельные участки тутовых плантаций, а также юридические лица, занимающиеся переработкой коконов и производством шёлковых, атласных и адрасовых тканей и других изделий ручного ткачества, были освобождены от уплаты единого земельного налога и других налогов сроком на 10 лет (Закон Республики Таджикистан от 18 марта 2022 года, №1867).

7. В соответствии с постановлением Правительства Республики Таджикистан от 30 августа 2011 года, №409 были реализованы Программа развития отраслей шелководства и переработки коконов в Республике Таджикистан на 2012-2020 годы и постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 июня 2020 года, №388 «Программа развития отраслей шелководства и переработки коконов на 2020-2024 годы».

...