ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи иваз намудани номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номҳои объектҳои ҷуғрофӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шавад.
2. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор оид ба иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешад.
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 3 июни соли 2026, № 330
...