Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «30» октябри соли 2024,
№ 562Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомномаи мазкур) бо мақсади ба низом даровардани расмиёти ташкил ва фаъолияти марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, вазифа, ҳуқуқ ва уҳдадорӣ, хусусияти ташкили ҷараёни таълиму тарбия ва талабот ба идоракунии марказ (гурӯҳ)-и инкишофи барвақтии кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Марказ)-ро, новобаста ба шаклҳои моликият ва тобеияти идоравӣ, муқаррар менамояд.
2.Марказ амаликунандаи шакли алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ мебошад, ки дар он инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, равонии кӯдакони аз 3 то 7 (6)-сола таъмин гардида, ҷиҳати тайёрии онҳо барои таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ташкил карда мешавад.
3.Марказ бо мақсади расонидани кӯмаки амалии педагогӣ ба оилаҳо, муҳайё намудани шароити мусоид дар кори таълиму тарбияи кӯдакони синни аз 3 то 7 (6) бо дар назар доштани майлу хоҳиш ва ниёзи падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва Низомномаи мазкур ташкил карда мешавад.
4.Марказ дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Низомномаи мазкурро ба роҳбарӣ мегирад.
5.Кӯдакони синни 3 то 7 (6), сарфи назар аз миллат, нажод, ҷинс ва забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкии падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда)-и тарбиягиранда, ба гирифтани таълиму тарбияи томактабӣ дар Марказ ҳуқуқ доранд.
2. ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ
6.Вазифаҳои асосии Марказ аз инҳо иборат мебошанд:
- ташаккули шахсият ва гузоштани замина барои таълиму тарбияи минбаъдаи кӯдакони синни 3 то 7 (6) бо дар назар доштани омодагирии онҳо ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, инчунин ҳифз ва таҳкими солимии ҷисмонӣ ва равонии онҳо;
- таъмини рушди озоди қобилият ва имкониятҳои баробар барои инкишофи ҳаматарафаи кӯдакони синни 3 то 7 (6);
...