ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, №299
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021, №299 «Дар бораи Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ» тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- бандҳои 12, 13 ва 14 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«12. Комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) дар асоси ариза шаҳрвандони барои қабул шудан ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ муроҷиатнамударо аз комиссияи тиббӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ гузаронида, оид ба хулосаи нисбати ариза қабулшуда шаҳрвандонро ба таври хаттӣ фавран хабардор менамоянд. Дар хулосаи хаттӣ вазъи саломатӣ ва қобил будан ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ дарҷ карда мешаванд.
13. Шаҳрвандон баъди гирифтани хулосаи хаттӣ уҳдадоранд дар муҳлати 5 рӯзи корӣ тариқи ғайринақдӣ маблағҳои пулии пешбинишударо ба суратҳисоби махсус пардохт намуда, нусхаи коғазии расидро ба комиссариати ҳарбӣ пешниҳод намоянд. Нусхаи расиди электронӣ ба комиссариатҳои ҳарбии ноҳиявӣ (шаҳрӣ) аз ҷониби бонки хизматрасон тариқи автоматӣ ирсол карда мешавад.
14. Шаҳрвандон танҳо баъди гузаштани комиссияи тиббӣ ва омӯзиши пешаздаъватӣ маблағҳои пулии пешбинишударо ба суратҳисоби махсус пардохт намуда, аз рӯзи супоридани маблағ ба рӯйхат ворид карда мешаванд.»;
- дар ҷумлаи сеюми банди 16 калимаҳои «Нусхаи дуюм» ба калимаҳои «Нусхаҳои рӯйхат ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» иваз карда шаванд;
- бандҳои 17, 18, 19 ва 20 дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:
«17. Қарор оид ба қабули шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ аз ҷониби комиссияҳои даъватии ноҳияҳо (шаҳрҳо) қабул гардида, бо протоколи алоҳида ба расмият дароварда мешавад.
18. Шаҳрвандон барои гузаштан аз хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ тибқи рӯйхати тасдиқгардида дар асоси фармоиши вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷамъомадҳои ҳарбии якмоҳа сафарбар карда мешаванд.
19. Шаҳрвандони ба рӯйхат воридгардида бо даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии ноҳияҳо (шаҳрҳо) барои гузаштани ҷамъомадҳои якмоҳаи ҳарбӣ на дертар аз 30 рӯзи корӣ то оғози ҷамъомадҳо даъват карда мешаванд.
...