Тартиби муайян намудани манбаи андоз аз арзиши иловашуда ва унсурҳои дигари андозбандии фурӯши комиссионӣ ва фурӯши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) аз 26 феврали соли 2026, № 88

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 88
тасдиқ шудааст


Тартиби муайян намудани манбаи андоз аз арзиши иловашуда ва унсурҳои дигари андозбандии фурӯши комиссионӣ ва фурӯши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда)

1. Тартиби муайян намудани манбаи андоз аз арзиши иловашуда ва унсурҳои дигари андозбандии фурӯши комиссионӣ ва фурӯши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) (минбаъд – Тартиб) манбаи андоз аз арзиши иловашуда ва унсурҳои дигари андозбандиро, ки мутобиқи фасли VIII Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақиман (ғайримустақим) муайян намудани онҳо мушкил мебошад, муайян менамояд.

2. Арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳангоми бозфурӯшии воситаи нақлиёти сабукрави аз шахси воқеӣ харидоришуда (андозсупоранда намебошад), ки ин воситаи нақлиёти сабукрав бевосита ба номи чунин шахси воқеӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, фарқи байни нархи фурӯш (нархи бозории он) бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва нархи хариди воситаи нақлиёт мебошад.

3. Ҳангоми фурӯши воситаи нақлиёти сабукрав, ки аз ҷониби андозсупоранда барои бозфурӯшӣ аз шахси ҳуқуқӣ харидорӣ шудааст, манбаи андозбандӣ фарқи байни нархи фурӯш, бо дарназардошти андоз аз арзиши иловашуда ва нархи хариди ин воситаи нақлиёт бо риояи шартҳои зерин муайян карда мешавад:

- дар санаи харидории воситаи нақлиёт аз ҷониби андозсупоранда фурӯшанда дар низоми умумии андозбандӣ қарор дошта бошад;

- соҳиби охирини воситаи нақлиёт, ки ин воситаи нақлиёти фурӯхташаванда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита ба номи чунин шахс ба қайд гирифта шудааст, шахси воқеӣ бошад;

- ҳангоми хариди воситаи нақлиёт андозсупоранда аз фурӯшанда ҳисобнома-фактура бо дарҷи маблағи андоз аз арзиши иловашуда гирифта бошад.

4. Арзиши амалиёти андозбандишаванда дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) дар ҳолати зерин арзиши амалиёти андозбандишаванда ба ҳисоб намеравад:

- воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмилии онҳо, аз ҷониби ширкатҳои лизингӣ барои ташаккул ё пурра кардани фонди (сармояи) оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда;

- воридот ва таҳвили минбаъдаи техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ аз ҷониби ширкатҳои лизингӣ, ба истиснои воридоти техникаву таҷҳизоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда;

...


Утвержден
постановлением Правительства
Республики Таджикистан
от «26» февраля 2026 года, №88


Порядок определения источника налога на добавленную стоимость и иных элементов налогообложения комиссионной торговли и реализации товаров, находящихся на хранении (частично использованных)

1. Порядок определения источника налога на добавленную стоимость и иных элементов налогообложения комиссионной торговли и реализации товаров, находящихся на хранении (частично использованных) (далее – Порядок), определяет источник налога на добавленную стоимость и иные элементы налогообложения, определение которых прямо (косвенно) затруднительно в соответствии с разделом VIII Налогового кодекса Республики Таджикистан.

2. Стоимостью налогооблагаемой операции при перепродажи легкового транспортного средства, приобретенного у физического лица (не являющихся налогоплательщиками), если это легковое транспортное средство зарегистрировано на имя такого физического лица, является разница между ценой реализации (его рыночной ценой) с учетом налога на добавленную стоимость и ценой приобретения транспортного средства.

3. При продаже легкового транспортного средства, приобретенного налогоплательщиком для перепродажи у юридического лица, налоговая база определяется как разница между ценой продажи, с учетом налога на добавленную стоимость и ценой скупки соответствующего транспортного средства при одновременном соблюдении следующих условий:

- на дату скупки налогоплательщиком транспортного средства продавец должен состоять в общем режиме системы налогообложения;

- последним собственником транспортного средства, на которого в соответствии с законодательством Республики Таджикистан было зарегистрировано продоваемое транспортное средство, являлось физическое лицо;

- при приобретении транспортного средства налогоплательщиком получен от продавца счет-фактура с суммой налога на добавленную стоимость.

4. Стоимость налогооблагаемых операций при импорте на условиях финансовой аренды (лизинга) в следующих случаях не считается стоимостью налогооблагаемой операцией:

- ввоз производственно-технологического оборудования и комплектующих изделий лизинговыми компаниями для формирования или пополнения уставного фонда (капитала) предприятий или для технического перевооружения действующего производства;

...