Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 82 "Дар бораи иваз намудани номи «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи иваз намудани номи «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон»


Мутобиқи моддаи 55 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Номи «Маркази такмили ихтисоси кадрҳои комплекси агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон» ба «Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маҷмааи агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» иваз карда шавад.

2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии марбут ба Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маҷмааи агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур»-ро дар доираи маблағҳои пешбинишуда ҳал намоянд.

3. Шумораи умумии воҳидҳои кории Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маҷмааи агросаноатии назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» 41 нафар (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар ва маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи қабули шумораи бозомӯзон марҳила ба марҳила амалӣ карда шавад.

4. Дар банди 26 Оинномаи Муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2018, №376 «Дар бораи оинномаи муассисаи давлатии «Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур» тасдиқ шудааст, калимаҳои «маркази такмили ихтисоси кадрҳои муҷтамаи агросаноатӣ» ба калимаҳои «Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони маҷмааи агросаноатӣ» иваз карда шаванд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 82



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О переименовании «Центра повышения квалификации кадров агропромышленного комплекса при Таджикском аграрном университете»

В соответствии со статьей 55 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1. Переименовать «Центр повышения квалификации кадров агропромышленного комплекса при Таджикском аграрном университете» в «Государственное учреждение «Институт повышения квалификации и переподготовки работников агропромышленного комплекса при Таджикском аграрном университете имени Шириншоха Шохтемура».

2. Министерству финансов Республики Таджикистан совместно с Министерством сельского хозяйства Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы, связанные с Государственным учреждением «Институт повышения квалификации и переподготовки работников агропромышленного комплекса при Таджикском аграрном университете имени Шириншоха Шохтемура», в рамках предусмотренных средств.

3. Установить численность штатных единиц Государственного учреждения «Институт повышения квалификации и переподготовки работников агропромышленного комплекса при Таджикском аграрном университете имени Шириншоха Шохтемура» 41 человек (включая обслуживающий персонал) и его финансирование осуществлять поэтапно за счет средств республиканского бюджета в зависимости от приёма количества обучающихся.

4. В пункте 26 Устава Государственного учреждения «Таджикский аграрный университет имени Шириншоха Шохтемура», утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 1 августа 2018 года, №376 «Об уставе государственного учреждения «Таджикский аграрный университет имени Шириншоха Шохтемура», слова «центр повышения квалификации общих агропромышленных кадров» заменить словами «Государственное учреждение «Институт повышения квалификации и переподготовки работников агропромышленного комплекса».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 февраля 2026 года №82


...