ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон»
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1. Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон» таъсис дода шавад.
2. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқии Муассисаи мазкурро ҳал намояд.
3. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории Муассисаи мазкурро дар доираи маблағҳои барои соҳаи маориф пешбинишуда амалӣ намояд.
4. Ба Номгӯи ташкилоту муассисаҳои системаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, сархати ҳафтоду якум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон»;».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 79
...