Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" аз 28 марти соли 2024, № 173

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 173

Замимаи 1

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 28 марти соли 2024, № 173

Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода"

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" (минбаъд - Оиннома) дар асоси Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар таҳия гардидааст.

2. Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" (минбаъд - Донишгоҳ) фаъолияти худро мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, инчунин фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур амалӣ менамояд.

3 Муассиси Муассисаи давлатии таълимии "Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Муассис) мебошад.

4. Донишгоҳ шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил, суратҳисоби ягонаи ҷорӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳр бо Нишони давлатӣ, сабти номи худ бо забони давлатӣ (ва ҳангоми зарурат бо забонҳои русӣ ва англисӣ), бланк ва штампҳо мебошад ва коргузории худро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.

5. Донишгоҳ ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суратҳисоби худро бо асъори миллӣ ва хориҷӣ дар бонкҳои ҷумҳурӣ кушояд, инчунин тибқи тартиби муқарраргардида маблағҳои озоди махсуси худро дар бонкҳо ҳамчун амонат ҷойгир намояд.

6. Фаъолияти асосии Донишгоҳ аз самтҳои зерин иборат аст:

- амалӣ сохтани барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯйи номгӯйи васеи ихтисосҳо;

- тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳибкасби соҳаи маориф, кормандони илмӣ ва илмию педагогӣ;

...

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №173

Приложение 1 к

постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от "28" марта 2024 года, №173

Устав Государственного образовательного учреждения "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде"

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Устав Таджикского международного университета иностранных языков имени Сотима Улугзода (далее - Устав) разработан на основании Гражданского Кодекса Республики Таджикистан, Закона Республики Таджикистан "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" и других нормативно-правовых актов.

2. Государственное образовательное учреждение "Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде" (далее - Университет) осуществляет свою деятельность в соответствии с Конституцией Республики Таджикистан, законами Республики Таджикистан "Об образовании", "О высшем и послевузовском профессиональном образовании" и другими нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, международными нормативными правовыми актами, признанными Таджикистаном, а также указами и распоряжениями Президента Республики Таджикистан, постановлениями и распоряжениями Правительством Республики Таджикистана и настоящим Уставом.

3. Учредителем Таджикского международного университета иностранных языков имени Сотима Улугзода является Правительство Республики Таджикистан (далее - Учредитель).

4. Университет является юридическим лицом, имеющим самостоятельный баланс, единый текущий расчетный счет в национальной и иностранной валюте в Главным управлением казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан, печать с изображением Государственного герба, своим наименованием на государственном языке (и при необходимости на русском и английском языках), бланки, штампы и ведёт своё делопроизводство в соответствии с требованиями, установленными законодательством Республики Таджикистан.

5. Университет имеет право, по согласованию с Министерством финансов Республики Таджикистан, открыть свой лицевой счет в национальной и иностранной валютах в банках республики, а также в установленном порядке размещать в банках свои специальные свободные денежные средства в качестве депозита.

6. Основная деятельность Университета состоит из следующих направлений:

- реализация образовательных программ высшего профессионального образования и послевузовского образования по широкому перечню специальностей;

- подготовка, переподготовка и повышение квалификации профессиональных работников сферы образования, научных и научнопедагогических работников;

...