Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 78 "Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода»"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода»


Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» таъсис дода шавад.

2. Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида масъалаҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва молиявии Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода»-ро ҳал намояд.

3. Ба замимаи 2 ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024, №173 «Дар бораи Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода» банди 32 бо мазмуни зерин илова карда шавад:

«32. Муассисаи давлатии «Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони забонҳои хориҷӣ»-и Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода».


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 78



...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О создании Государственного учреждения «Институт повышения квалификации преподавателей иностранных языков» Государственного образовательного учреждения «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде»

В соответствии со статьями 52 и 128 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1. Создать Государственное учреждение «Институт повышения квалификации преподавателей иностранных языков» Государственного образовательного учреждения «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде».

2. Государственному образовательному учреждению «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде» совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан в установленном порядке решить организационно-правовые и финансовые вопросы Государственного учреждения «Институт повышения квалификации преподавателей иностранных языков» Государственного образовательного учреждения «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде».

3. Дополнить приложение 2 к постановлению Правительства Республики Таджикистан от 28 марта 2024 года, №173 «Об Уставе Государственного образовательного учреждения «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде» пунктом 32 следующего содержания:

«32. Государственное учреждение «Институт повышения квалификации преподавателей иностранных языков» Государственного образовательного учреждения «Таджикский международный университет иностранных языков имени Сотима Улугзаде».

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 февраля 2026 года №78



...