Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2026, № 77 "Дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 дар солҳои 2026-2028"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 дар солҳои 2026-2028


Мутобиқи моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 дар солҳои 2026-2028 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Нақшаи амали мазкурро дар доираи маблағҳои буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, таъмин намояд.

3. Вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иҷрои Нақшаи амали мазкурро таъмин намуда, ҳар сол то 10 январ ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

4. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба рафти иҷрои Нақшаи амали мазкур ҳар сол то 1 феврал ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 феврали соли 2026, № 77
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 26 феврали соли 2026, № 77
...

Правительство Республики Таджикистан

Постановление

О Плане действий Государственной программы развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы в 2026-2028 годах

В соответствии с статьёй 17 конституционного Закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан п о с т а н о в л я е т:

1.Утвердить План действий Государственной программы развития театрального искусства в Республике Таджикистан на 2025-2029 годы в 2026-2028 годах (прилагается).

2.Министерству культуры Республики Таджикистан в сотрудничестве с соответствующими министерствами и ведомствами, исполнительными органами государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики обеспечить выполнение настоящего Плана действий в рамках средств государственного бюджета и других источников, не запрещенных законодательством Республики Таджикистан.

3.Соответствующим министерствам и ведомствам, исполнительным органам государственной власти Горно-Бадахшанской автономной области, областей, города Душанбе, городов и районов республики обеспечить выполнение настоящего Плана действий и ежегодно до 10 января представлять информацию в Министерство культуры Республики Таджикистан.

4.Министерству культуры Республики Таджикистан ежегодно до 1 февраля представлять в Правительство Республики Таджикистан информацию о ходе выполнения настоящего Плана действий.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбеот 26 февраля 2026 года №77




...