×

Қоидаҳои бехатарии дар хоҷагии газ аз 4 июли соли 2023, №49

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 13 сентябри соли 2023 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,
рақами бақайдгирӣ 1261
Бо фармоиши сардори Хадамоти
назорати давлатии бехатарии
корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 4 июли соли 2023, №49
тасдиқ шудааст

ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ ДАР ХОҶАГИИ ГАЗ

1. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

1. Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагии газ мутобиқи сархати сиюми банди 6 Низомномаи Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №152 тасдиқ шудааст, таҳия гардида, талаботро барои лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодабарии системаи газтаъминкунӣ бо гази табиӣ (конҳои гази табиӣ ва нафтугаз) бо фишори барзиёди на кам аз 1,2 МПа (12 кгс/см2), гази моеи карбогидрид (минбаъд - ГМК) бо фишори барзиёди на кам аз 1,6 МПа (16 кгс/см2), ки ба сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд, муқаррар мекунад.

2. Қоидаҳои мазкур амалӣ мегарданд ба:

- қубурҳои интиқоли газии шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳраку деҳотҳо, маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ;

- нуқтаҳои газтанзимкунӣ (минбаъд - НГТ) ва дастгоҳҳои газтаъминкунӣ (минбаъд - ДГТ);

...


Зарегистрировано Министерством юстиции
Республики Таджикистан 13 сентября 2023 года,
регистрационный номер 1261



Утверждено распоряжением начальника
Службы по государственному надзору
за безопасным ведением работ в
промышленности и горному надзору при
Правительстве Республики Таджикистан
от 4 июля 2023 года, №49

ПРАВИЛА БЕЗОПАСНОСТИ В ГАЗОВОМ ХОЗЯЙСТВЕ

1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

1. Правила безопасности в газовом хозяйстве разработаны в соответствии с тридцатым абзацем пункта 6 Положения Службы по государственному надзору за безопасным ведение работ в промышленности и горному надзору при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного Постановлением Правительства Республики Таджикистан от 3 марта 2014 года, за №152 устанавливают требования к проектированию, строительству и эксплуатации систем газоснабжения природными газами (газовых и газонефтяных месторождений) с избыточным давлением не более 1,2 МПа (12 кгс/см2), сжиженными углеводородными газами (СУГ) с избыточным давлением не более 1,6 МПа (16 кгс/см2), используемыми в качестве топлива.

...