Замимаи 1
ба амри Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «1» январи соли 2026, №АП-950
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1. Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» (минбаъд — Озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор карда мешавад.
2. Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо тақсимот ба ду гурӯҳ дар алоҳидагӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шакли нав (литсейҳо, гимназияҳо ва муассисаҳои таълимии президентӣ ва хусусӣ), хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ (бакалаврон ва магистрон), ходимони илмӣ (ба истиснои докторони илм, профессорон, аъзои вобаста ва пайвастаи Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ), аспирантон, докторантон, унвонҷӯён, докторантҳо аз рӯйи ихтисос ва докторантони ҳабилитат, омӯзгорони муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот, муҳандисон, конструкторон ва дигар намояндагони касбу кори гуногун баргузор мегардад.
3. Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия гузаронида мешавад:
- математика (арифметика, алгебра, геометрия);
- физика ва астрономия;
- химия;
- биология (ботаника, зоология, анатомия);
- география;
- технологияи иттилоотӣ;
...