Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2025, № 702 "Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тунис оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ё хизматӣ"

Санаи амалкуни:

Ҳолати ҳуҷҷат: Амалкунанда

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

Дар хусуси лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тунис оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ё хизматӣ


Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Лоиҳаи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тунис оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ё хизматӣ маъқул дониста шавад.

2. Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи мазкурро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонад ва ҳангоми зарурат ба матни он тағйиру иловаҳои хусусияти муҳимнадоштаро ворид намояд.

3. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида сана ва маҳалли ба имзо расонидани Созишномаи мазкурро бо ҷониби Тунис мувофиқа намояд.


Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 декабри соли 2025, № 702
Лоиҳа

СОЗИШНОМА БАЙНИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТУНИС ОИД БА БЕКОР НАМУДАНИ ТАЛАБОТИ РАВОДИД БАРОИ ДОРАНДАГОНИ ШИНОСНОМАҲОИ ДИПЛОМАТӢ, МАХСУС Ё ХИЗМАТӢ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тунис, ки минбаъд «Тарафҳо» номида мешаванд,

бо хоҳиши инкишофи муносибатҳои дӯстона байни ду кишвар ва,

бо нияти содагардонии вуруд, хуруҷ ва ҳаракати шаҳрвандони ду кишвар, ки дорандагони шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд,

ба мувофиқаи зерин расиданд:

Моддаи 1

Шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд, аз талаботи гирифтани раводид барои вуруд, хуруҷ ва убури транзитӣ тавассути ҳудуди Тарафи дигар ба муҳлати на зиёда аз 90 рӯз озод мебошанд.

Моддаи 2

Шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд ва аъзои ҳайати намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулӣ ё созмонҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Тарафи дигар мебошанд, инчунин аъзои оила ва шахсоне, ки як қисми хонаводаи онҳо ҳисобида мешаванд ва дорои шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд, уҳдадоранд, ки барои будубоши беш аз навад (90) рӯз ва дар давраи иҷрои вазифаи расмии худ раводиди вуруд ба ҳудуди Тарафи дигарро ба даст оранд.

Моддаи 3

Шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои боэътибори дипломатӣ, хизматӣ ё махсус мебошанд ва нияти будубоши зиёда аз (90) рӯзро пас аз вуруд ба ҳудуди Тарафи дигар доранд ва ё то ба анҷом расидани ин муҳлат уҳдадоранд, ки иқомати худро тибқи қонунгузории миллии Тарафи дигар тамдид намоянд.

Моддаи 4

Шаҳрвандони Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд, метавонанд тавассути ҳама гуна нуқтаҳои сарҳадии байналмилалӣ ба ҳудуди Тарафи дигар ворид шаванд ва аз он бароянд.

Моддаи 5

Шаҳрвандони ҳар яке аз Тарафҳо, ки дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ, махсус ё хизматӣ мебошанд, уҳдадоранд, ки қонунҳо ва қоидаҳои амалкунандаро дар ҳудуди Тарафи дигар риоя намоянд.

Моддаи 6

Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад амали Созишномаи мазкурро пурра ё қисман бо сабаби таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саломатии аҳолӣ ва амнияти миллӣ боздорад. Тарафҳо уҳдадоранд бетаъхир, вале на дертар аз (48) соат қабл якдигарро бо роҳҳои дипломатӣ дар бораи қарори батаъхиргузорӣ ва дубора эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур огоҳ кунанд.

Моддаи 7

Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад вуруди ҳар шаҳрванди Тарафи дигарро, ки иқомати ӯ дар ҳудуди он номатлуб шуморида мешавад рад намояд ё иқомати чунин шахсонро дар ҳудуди худ қатъ кунад.

Моддаи 8

1.Вазирони корҳои хориҷии Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва дар давоми сӣ (30) рӯзи баъди эътибор пайдо кардани Созишномаи мазкур намунаҳои шиносномаҳои дар ҳамин Созишнома пешбинишударо мубодила мекунанд.

2.Дар сурати аз ҷониби Тарафҳо таҳия гардидани шиносномаҳои нави дипломатӣ, махсус ё хизматӣ, вазоратҳои корҳои хориҷӣ на камтар аз сӣ (30) рӯз пеш аз эътибор пайдо кардани онҳо намунаҳои шиносномаҳои навро мубодила мекунанд.

Моддаи 9

Ҳама гуна баҳсу ихтилофоте, ки вобаста ба тафсири Созишномаи мазкур бармеоянд, тавассути гузаронидани машваратҳо миёни Тарафҳо ҳаллу фасл карда мешаванд.

Моддаи 10

Ба Созишномаи мазкур бо розигии Тарафҳо метавонад тағйирот ворид карда шавад. Ин тағйирот бо протоколҳои алоҳида ба расмият дароварда шуда, қисми ҷудонашавандаи Созишномаи мазкур ба шумор меравад, ва тибқи муқаррароти моддаи 11 Созишномаи мазкур эътибор пайдо мекунанд.

Моддаи 11

1.Созишномаи мазкур пас аз сӣ (30) рӯзи гирифтани огоҳиномаи дуюм эътибор пайдо мекунад, ки тавассути он яке аз ду Тараф ба Тарафи дигар дар бораи иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ хабар медиҳад ва барои муҳлати номуайян эътибор дорад.

2.Ҳар яке аз Тарафҳо метавонад ҳар вақт Тарафи дигарро тавассути роҳҳои дипломатӣ дар бораи қарори худ оид ба қатъ кардани Созишномаи мазкур огоҳ созад. Дар ин ҳолат, қатъкунӣ пас аз шаш (6) моҳ аз санаи гирифтани чунин огоҳинома эътибор пайдо мекунад.

Дар шаҳри ___________ «__»_______________ соли 2025 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, арабӣ ва англисӣ, ки ҳамаи матнҳо эътибори якхела доранд, ба имзо расонида шуд. Дар ҳолати ба миён омадани ихтилоф дар тафсири Созишномаи мазкур, матни забони англисӣ бартарӣ хоҳад дошт.



АЗ ҶОНИБИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

АЗ ҶОНИБИ

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТУНИС



Правительство Республики Таджикистан

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

О проекте Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Тунис об отмене визовых требований для владельцев дипломатических, специальных или служебных паспортов

В соответствии со статьей 7 Закона Республики Таджикистан «О международных договорах Республики Таджикистан» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

1.Одобрить проект Соглашения между Правительством Республики Таджикистан и Правительством Республики Тунис об отмене визовых требований для владельцев дипломатических, специальных или служебных паспортов.

2.Министру иностранных дел Республики Таджикистан подписать настоящее Соглашение от имени Правительства Республики Таджикистан и при необходимости внести в его текст изменения и дополнения, не имеющие принципиального характера.

3.Министерству иностранных дел Республики Таджикистан в установленном порядке согласовать с тунисской стороной дату и место подписания настоящего Соглашения.

Председатель
Правительства Республики Таджикистан Эмомали Рахмон


г.Душанбе от 26 декабря 2025 года №702

Прилагается на тадж.яз