ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таҷдиди сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Мутобиқи моддаи 58 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи азнавташкилдиҳӣ дар доираи воҳидҳои кории амалкунанда ва маблағҳои пешбинишуда ба Муассисаи давлатии «Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи Аловуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» ва Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тақсим карда шавад.
2.Ба замимаи 2 ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2022, №313 «Дар бораи Оинномаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» тағйиру иловаи зерин ворид карда шаванд:
-банди 13 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«13. Муассисаи давлатии «Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи Аловуддин Баҳоваддинови Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»»;
-банди 131 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«131. Муассисаи давлатии «Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон»».
3.Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои ҳуқуқии худро ба фармони мазкур мутобиқ намояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 6 декабри соли 2025, № 1099
УКАЗ ПРЕЗИДЕНТА РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
О реструктуризации Национальной академии наук Таджикистана
В соответствии со статьей 58 Гражданского кодекса Республики Таджикистан и статьей 56 Закона Республики Таджикистан «О нормативных правовых актах» постановляю:
1.Институт философии, политологии и права имени А.Баховаддинова Академии наук Республики Таджикистан путём реорганизации в рамках действующих штатных единиц и предусмотренных средств разделить на Государственное учреждение «Институт философии и политологии имени Аловуддина Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана» и Государственное учреждение «Институт государства и права Национальной академии наук Таджикистана».
2.Внести в приложение 2 к указу Президента Республики Таджикистан от 14 января 2022 года, №313 «Об Уставе Национальной академии наук Таджикистана» следующие изменение и дополнение:
- пункт 13 изложить в следующей редакции:
«13. Государственное учреждение «Институт философии и политологии имени Аловуддина Баховаддинова Национальной академии наук Таджикистана»»;
- дополнить пунктом 131 следующего содержания:
«131. Государственное учреждение «Институт государства и права Национальной академии наук Таджикистана»».
3.Правительству Республики Таджикистан привести свои правовые акты в соответствие с настоящим указом.
Президент
Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
г. Душанбе 6 декабря 2025 года №1099