ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мутобиқи моддаҳои 52 ва 128 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» фармон медиҳам:
1.Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.
2.Оинномаи Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
3.Маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, инчунин сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ба амал бароварда шавад.
4.Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида ҷиҳати маблағгузории фаъолият ва нигоҳдории Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯйӣ намояд.
5.Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба истифода додани бинои Театр ҷиҳати бо бино таъмин намудани Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҷӯйӣ намояд.
6.Ба замима ба Сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2014, №116 «Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» тасдиқ шудааст, банди 32 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«32. Муассисаи давлатии «Театри миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 1 декабри соли 2025, № 1097