ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани тағйирот ва илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023, №263
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2023, №263 «Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгирикунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо» тасдиқ шудааст, тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
- дар банди 25 калимаҳои «шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст,» ба калимаҳои «Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Технология Групп» (РМА 020055564),» иваз карда шаванд;
- дар банди 27 калимаҳои «оператори маълумоти фискалӣ – субъекти хоҷагидорӣ, новобаста ба шакли моликияти ва шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ки дар асоси созишнома ва ҳуҷҷатҳои супоришии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он функсияи Оператори маълумоти фискалӣ дода шудааст» ба калимаҳои «оператори маълумоти фискалӣ (минбаъд – Оператор)-и Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Технология Групп» (РМА 020055564), ки корҳоро доир ба қабули мустақилона ва доимӣ, коркард, ҳифзи криптографӣ ва нигоҳдории маълумоти фискалии дар реҷаи вақти воқеӣ ба даст овардашуда анҷом медиҳад» иваз карда шаванд;
- замимаи 5 илова карда шавад (замима мегардад).
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 26 ноябри соли 2025, № 660
Замимаи 5
ба Тартиби рамзгузории электронӣ,
фаъолияти операторони пайгирикунандаи
...