ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2016, №470
Мутобиқи моддаи 56 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Ба Тартиби маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 2016, №470 «Дар бораи Тартиби маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳамияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ» тасдиқ шудааст, банди 161 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«161. Маблағгузории таҳияи ҳуҷҷатҳои шаҳрсозии объектҳои аҳаммияти умумидавлатидошта, корҳои таҳқиқотию илмӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.».
Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, аз 22 ноябри соли 2025, № 645
...